https://sputnik.tj/20220916/eloni-otashbas-tirparroni-kdam-qirghiziston-1051444732.html
Эълони оташбас ва идомаи тирпарронӣ: КДАМ Тоҷикистон аз аҳдшиканию ҳамлаи Қирғизистон гуфт
Эълони оташбас ва идомаи тирпарронӣ: КДАМ Тоҷикистон аз аҳдшиканию ҳамлаи Қирғизистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳамлаи нерӯҳои қирғиз ба дидбонгоҳи "Душанбе" оғоз шуда, феълан нуқоти дигарро фаро гирифтаст, мегӯянд мақомоти ҶТ
2022-09-16T09:06+0500
2022-09-16T09:06+0500
2022-09-16T09:45+0500
дар тоҷикистон
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
марз
қирғизистон
исфара
ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/59/1031545968_0:223:3244:2048_1920x0_80_0_0_76aa199d052628c5512c816cb279e61e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии "Коктош"-и отряди сарҳадии Бодканди Қирғизистон соати 04:50-дақиқаи субҳ аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии "Душанбе"-и отряди сарҳадии Исфараро гулӯлаборон карданд. Дар ин бора қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд. КДАМ таъкид намуд, ки новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ муттаҳам карда, афзуданд, ки 4 марзбони қирғиз осеб дидаанд. Ҷониби Тоҷикистон расман дар бораи талафот ҳанӯз иттилоъ надодааст, аммо манобеъ мегӯянд, куштаю маҷруҳон аз ҷумла миёни сокинони мулкӣ низ ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220915/shab-marz-tojikiston-qirghiziston-khadamot-marzboni-1051408456.html
қирғизистон
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/59/1031545968_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c6d63b2de7337fda32971d3f53ba25d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идома, ҳамла, нерӯҳо, қирғиз
идома, ҳамла, нерӯҳо, қирғиз
Эълони оташбас ва идомаи тирпарронӣ: КДАМ Тоҷикистон аз аҳдшиканию ҳамлаи Қирғизистон гуфт
09:06 16.09.2022 (Навсозишуда: 09:45 16.09.2022) Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳамлаи нерӯҳои қирғиз ба дидбонгоҳи "Душанбе" оғоз шуда, феълан нуқоти дигарро фаро гирифтаст, мегӯянд мақомоти ҶТ
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии "Коктош"-и отряди сарҳадии Бодканди Қирғизистон соати 04:50-дақиқаи субҳ аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии "Душанбе"-и отряди сарҳадии Исфараро гулӯлаборон карданд.
Дар ин бора қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд.
КДАМ таъкид намуд, ки новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ муттаҳам карда, афзуданд, ки 4 марзбони қирғиз осеб дидаанд.
Ҷониби Тоҷикистон расман дар бораи талафот ҳанӯз иттилоъ надодааст, аммо манобеъ мегӯянд, куштаю маҷруҳон аз ҷумла миёни сокинони мулкӣ низ ҳастанд.