Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна гузашт? Посухи хадамоти марзбонӣ

© Sputnik / Дмитрий ДонскойНа таджикской границе
На таджикской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2022
Обуна шудан
Қирғизистон аз вазъи ором дар марз бо Тоҷикистон хабар медиҳад ва ҳамзамон таъкид кардааст, ки шаби гузашта ягон ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором гузашт, ҳеҷ ҳодисае сабт нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тавзеҳ додааст, ки дар давоми шаб бо мувофиқа ҷонибҳо нерӯ ва воситаҳои иловагии қаблан кашидашударо ба нуқтаҳои истиқрори доимӣ берун кашиданд.
Дар соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ вазъ нисбатан мӯътадил арзёбӣ мешавад. Ҳама воҳидҳои сохторҳои қудратии ҳарду кишвар якҷоя дар манотиқи марзӣ посбонӣ карданд.
"Отрядҳои сарҳадии тарафҳо дар қитъаҳои тақсимнашудаи марз, ки ҳодисаҳо рух додаанд, ҷойгир нашудаанд", - афзуд манбаъ.
Въезд  в населенный пункт Ворух в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Ду куштаю 6 захмӣ: талафоти Тоҷикистон дар тирпарронии ахири марзӣ бо Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки субҳи 14 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъи навбатӣ рух дод. Дар маҳаллаи ҷамоати Кехи Ворухи шаҳри Исфара табодули оташ миёни низомиён оғоз шудааст.
Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аввалин шуда марзбонони кишвари ҳамсоя тир кушодаанд. Дар навбати худ КДАМ Қирғизистон аз ҳамлаи ибтикори низомиёни тоҷик хабар дод.
Бар асари даргирӣ аз ҷониби Тоҷикистон ду марзбон кушта шуда, 6 нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бемористони маҳаллӣ қарор доранд, ки чаҳор танаш сокини мулкӣ мебошад.
Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани панҷ нафар, аз ҷумла ду низомӣ ва се ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0