https://sputnik.tj/20220916/dar-rusiya-67-tashkiloti-jamiyati-markazi-farhangi-va-diasporahoi-tojikon-sabt-shudaast-1051464528.html
Дар Русия 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон сабт шудааст
Дар Русия 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон сабт шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар хориҷ аз кишвар бо намояндагиҳои давлатӣ робитаи хуби ҳамкорӣ доранд
2022-09-16T16:35+0500
2022-09-16T16:35+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
ташкилот
ҷамъият
диаспораи тоҷикон
ҳамкорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102586/09/1025860971_0:212:3053:1929_1920x0_80_0_0_05dca2ddfde2da1d2642b28819965948.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар хориҷ аз кишвар 105 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст, дар ин бора вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, айни замон, танҳо дар Русия 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст.Инчунин, ба иттилои вазорат ҳоло 7 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Украина, 3 ташкилот дар Туркия, 1 Ҷамъияти Олмону Тоҷикистон дар Олмон, 7 ҷамъияти фарҳангӣ дар ИМА, 20 маркази фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон фаъолият доранд.Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъхкид кардааст, ки ин ташкилотҳо барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегиранд.Зикр гардидааст, ки таҷрибаи фаъолиятҳо дар ин самт нишон медиҳад, ки қисми бештари намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷ, бахусус дар Русия ва Қазоқистон бо намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ин кишварҳо робитаи хуби ҳамкорӣ доранд.“Мақомот аз амалкардҳои ин намояндагиҳо пайваста дастгирӣ мекунад ва барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон бевосита мусоидат менамоянд”, - қайд кардааст вазорати меҳнат.
https://sputnik.tj/20220903/rusiya-markaz-muhojirat-shahrvandon-tojikiston-1051135559.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102586/09/1025860971_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6607663126270d03266d2eff916cda1b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, диаспора, сабт, ҷамъият, ташкилот, мақомот
тоҷикистон, русия, диаспора, сабт, ҷамъият, ташкилот, мақомот
Дар Русия 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон сабт шудааст
16:35 16.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар хориҷ аз кишвар бо намояндагиҳои давлатӣ робитаи хуби ҳамкорӣ доранд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар хориҷ аз кишвар 105 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст, дар ин бора вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, айни замон, танҳо дар Русия 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст.
Инчунин, ба иттилои вазорат ҳоло 7 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Украина, 3 ташкилот дар Туркия, 1 Ҷамъияти Олмону Тоҷикистон дар Олмон, 7 ҷамъияти фарҳангӣ дар ИМА, 20 маркази фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон фаъолият доранд.
Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъхкид кардааст, ки ин ташкилотҳо барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегиранд.
Зикр гардидааст, ки таҷрибаи фаъолиятҳо дар ин самт нишон медиҳад, ки қисми бештари намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷ, бахусус дар Русия ва Қазоқистон бо намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ин кишварҳо робитаи хуби ҳамкорӣ доранд.
“Мақомот аз амалкардҳои ин намояндагиҳо пайваста дастгирӣ мекунад ва барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон бевосита мусоидат менамоянд”, - қайд кардааст вазорати меҳнат.