https://sputnik.tj/20220916/amonzoda-tojikon-burunmarzi-maqomot-hamkori-1051467120.html
Амонзода аз тоҷикони бурунмарзӣ даъват кард, бештар бо мақомот ҳамкорӣ кунанд
Амонзода аз тоҷикони бурунмарзӣ даъват кард, бештар бо мақомот ҳамкорӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон гуфтугӯ кард
2022-09-16T17:35+0500
2022-09-16T17:35+0500
2022-09-16T17:35+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ширин амонзода
диаспораи тоҷикон
ҳамкорӣ
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051466703_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_aafcaaf8477258da663c3b6f6d0407cd.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ахиран дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳоии Тоҷикистон баргузор шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз таъсиси Шурои мазкур ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамкорӣ кардан бо онҳо барои таъмини рушди устувори Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ мебошад.Қайд карда шудааст, ки дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва тариқи маҷозӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия, Қазоқистон, Амрико, Фаронса, Бритониё ва Қатар иштирок доштанд.Ширин Амонзода, вазири меҳнати кишвар дар ин ҷаласа қайд карлд, ки солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.Зикр карда шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи дар бораи татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва гузориши намояндагони вазорату идораҳо оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзи шунида шуд.
https://sputnik.tj/20220916/dar-rusiya-67-tashkiloti-jamiyati-markazi-farhangi-va-diasporahoi-tojikon-sabt-shudaast-1051464528.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051466703_122:0:1942:1365_1920x0_80_0_0_122e8bcd25c53ab31cea80a4ebf68a51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати меҳнат, тоҷикон, бурунмарзӣ, ҳамкорӣ, ширин амонзода
тоҷикистон, вазорати меҳнат, тоҷикон, бурунмарзӣ, ҳамкорӣ, ширин амонзода
Амонзода аз тоҷикони бурунмарзӣ даъват кард, бештар бо мақомот ҳамкорӣ кунанд
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ахиран дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳоии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз таъсиси Шурои мазкур ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамкорӣ кардан бо онҳо барои таъмини рушди устувори Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва тариқи маҷозӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия, Қазоқистон, Амрико, Фаронса, Бритониё ва Қатар иштирок доштанд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнати кишвар дар ин ҷаласа қайд карлд, ки солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.
Зикр карда шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи дар бораи татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва гузориши намояндагони вазорату идораҳо оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзи шунида шуд.