https://sputnik.tj/20220915/somoni-birzha-maskav-iqtisod-rusiya-1051441030.html
Агар сомонӣ дар биржаи Маскав пайдо мешавад, чӣ мешавад: посухи Вазорати иқтисоди Русия
Агар сомонӣ дар биржаи Маскав пайдо мешавад, чӣ мешавад: посухи Вазорати иқтисоди Русия
Sputnik Тоҷикистон
Пули тоҷикӣ метавонад ба зудӣ дар сайти бузургтарин биржаи Русия пайдо шавад: мақомоти Русия гуфтанд, ки ин ба чӣ оварда мерасонад
2022-09-15T22:04+0500
2022-09-15T22:04+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
сомонӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044220018_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_ed695b945ced7540ba74bbb77ea8b4be.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Гузариш ба пули миллӣ барои афзоиши гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон зарур аст. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач изҳор дошт.Ҳамин тавр, ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи дурнамои муомилоти сомонӣ дар биржаи Маскав изҳори назар кард.Ин як ҷанбаи муҳими рушди тиҷорат ва сармоягузории мутақобила аст, афзуд ӯ.Ба гуфтаи муовини раиси ин ниҳод, дар ояндаи наздик ҷуфти рублу сомонӣ бояд дар майдони бузургтарин холдинги биржаи Русия ба муомилот шурӯъ кунад.Қобили зикр аст, ки Волвач яке аз иштирокчиёни форуми бузурги сармоягузории "Тоҷикистон - Русия", ки дар Душанбе баргузор шуд, гардид.Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар намояндагони мақомот ва доираҳои тиҷоратии Федератсияи Русия, инчунин соҳибкорону сармоягузорони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.Ҳадафи аслии ин ҳамоиш роҳандозии иртибот миёни доираҳои тиҷоратӣ, иҷрои тарҳҳои нави Русия дар бахшҳои саноат, энержӣ ва кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистон аст.Қаблан дар биржаи Маскав ба муомилот бо суми ӯзбакӣ шурӯъ карда буданд. Ҷуфти нави асъор имкониятҳоро барои иштирокчиёни бозор ва муштариёни онҳо васеъ намуда, инчунин барои рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ барои субъектҳои хоҷагидории ҳарду кишвар як ангезаи иловагӣ мегардад.Дар ояндаи наздик соми қирғизӣ низ дар ин майдон пайдо мешавад.
https://sputnik.tj/20220722/amonatbonk-sharikon-rusiya-rubl-1050178392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044220018_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_70ae63688e83adcb44a55388e39053f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сомонӣ биржа маскав русия тоҷикистон
сомонӣ биржа маскав русия тоҷикистон
Агар сомонӣ дар биржаи Маскав пайдо мешавад, чӣ мешавад: посухи Вазорати иқтисоди Русия
22:04 15.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Пули тоҷикӣ метавонад ба зудӣ дар сайти бузургтарин биржаи Русия пайдо шавад: мақомоти Русия гуфтанд, ки ин ба чӣ оварда мерасонад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Гузариш ба пули миллӣ барои афзоиши гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон зарур аст. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач изҳор дошт.
Ҳамин тавр, ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи дурнамои муомилоти сомонӣ дар биржаи Маскав изҳори назар кард.
"Аллакай беш аз 57% ҳисоббаробаркуниҳо дар савдои мутақобила бо асъори миллии Русия ва Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Як қатор асъорҳои кишварҳои ИИАО ва ИДМ дар биржаи Маскав дар қиболи рубл фаъолона муомилот мешаванд", - таъкид кард Волвач.
Ин як ҷанбаи муҳими рушди тиҷорат ва сармоягузории мутақобила аст, афзуд ӯ.
Ба гуфтаи муовини раиси ин ниҳод, дар ояндаи наздик ҷуфти рублу сомонӣ бояд дар майдони бузургтарин холдинги биржаи Русия ба муомилот шурӯъ кунад.
Қобили зикр аст, ки Волвач яке аз иштирокчиёни форуми бузурги сармоягузории "Тоҷикистон - Русия", ки дар Душанбе баргузор шуд, гардид.
Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар намояндагони мақомот ва доираҳои тиҷоратии Федератсияи Русия, инчунин соҳибкорону сармоягузорони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи аслии ин ҳамоиш роҳандозии иртибот миёни доираҳои тиҷоратӣ, иҷрои тарҳҳои нави Русия дар бахшҳои саноат, энержӣ ва кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистон аст.
Қаблан дар биржаи Маскав ба муомилот бо суми ӯзбакӣ шурӯъ карда буданд. Ҷуфти нави асъор имкониятҳоро барои иштирокчиёни бозор ва муштариёни онҳо васеъ намуда, инчунин барои рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ барои субъектҳои хоҷагидории ҳарду кишвар як ангезаи иловагӣ мегардад.
Дар ояндаи наздик соми қирғизӣ низ дар ин майдон пайдо мешавад.