https://sputnik.tj/20220914/kushta-talafot-tojikiston-marz-1051398792.html
Ду куштаю 6 захмӣ: талафоти Тоҷикистон дар тирпарронии ахири марзӣ бо Қирғизистон
Ду куштаю 6 захмӣ: талафоти Тоҷикистон дар тирпарронии ахири марзӣ бо Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки давоми рӯз дар се ҷой рух дод, феълан қатъ шуда, ҷонибҳо барои ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ музокирот доранд 14.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-14T17:45+0500
2022-09-14T17:45+0500
2022-09-14T17:45+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
даргирӣ
муноқиша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049175158_206:0:1280:604_1920x0_80_0_0_04ff339b7b2997a4baa6416af85a83f7.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, тирпарониҳо хомӯш шудаанд, хабар доданд манобеъ аз манотиқи шаҳри Исфара. Тирпаррониҳои марзӣ субҳи 14 сентябр дар минтақаи “Кех”- и ҷамоати Ворух сар шуда, баъдан ба ҷамоатҳои Зумрад ва Чоркӯҳи Исфара доман густард. Манобеъ аз ҷамоатҳои шаҳри Исфара мегӯянд, бар асари тирпарронии марзбонони қирғиз ду сарҳадбони тоҷик шаҳид шуда, шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Таъкид шуд, ки дар миёни захмиён чаҳор нафарашон шаҳрвандони мулкӣ мебошанд. Ӯ афзуд, маҷруҳон дар шуъбаи эҳёи Шифохонаи марказии Исфара бистарӣ шуда, ҳоло вазъи саломатияшон муътадил арзёбӣ мешавад. Аз ҷамоати Чоркуҳ хабар доданд, ки мошини мусофирбари "Газел" ҳадафи тирпарронии марзбонони қирғиз қарор гирифтаст. "Дар натиҷа чаҳор мусофир ба ҳисоби як кӯдаки хурдсол захмӣ шудаанд. Онҳоро ба Шифохонаи марказӣ бурдаанд ва дараҷаи захмашон сабук шарҳ дода мешавад" - изҳор дошт манбаъ. Бар асари тирпарониҳои ахир дар ҷамоатҳои Ворух, Зумрад ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар маҷмуъ 2 марзбони тоҷик куштаю 6 нафар маҷруҳ шудаанд, изҳор доштанд манобеъ. Расман мақомоти тоҷик дар бораи талафот ҳанӯз изҳори назар накардаанд. Ҷониби Қирғизистон иттилоъ дода буд, ки бар асари тирпарронӣ дар Ворух ду сарбозашон ҷароҳат бардоштаанд. Тоҷикистону Қирғизистон дар сар задани ин даргириҳо ҳамдигарро муттаҳам карда, таъкид мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиддат гирифтани вазъ музокирот миёни ҷонибҳо идома дорад.
https://sputnik.tj/20220914/kdam-tojikiston-qirghiz-postgoh-kekh-isfara-hamla-1051381434.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049175158_453:0:1258:604_1920x0_80_0_0_417b7b32d576c7f520fc4ef9b82e7906.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, марз, даргирӣ, муноқиша
дар тоҷикистон, қирғизистон, марз, даргирӣ, муноқиша
Ду куштаю 6 захмӣ: талафоти Тоҷикистон дар тирпарронии ахири марзӣ бо Қирғизистон
Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки давоми рӯз дар се ҷой рух дод, феълан қатъ шуда, ҷонибҳо барои ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ музокирот доранд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, тирпарониҳо хомӯш шудаанд, хабар доданд манобеъ аз манотиқи шаҳри Исфара.
Тирпаррониҳои марзӣ субҳи 14 сентябр дар минтақаи “Кех”- и ҷамоати Ворух сар шуда, баъдан ба ҷамоатҳои Зумрад ва Чоркӯҳи Исфара доман густард.
Манобеъ аз ҷамоатҳои шаҳри Исфара мегӯянд, бар асари тирпарронии марзбонони қирғиз ду сарҳадбони тоҷик шаҳид шуда, шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Таъкид шуд, ки дар миёни захмиён чаҳор нафарашон шаҳрвандони мулкӣ мебошанд.
"Дар натиҷаи тирпарронии марзбонони қирғиз, ки соати 7:15-и рӯз дар минтақаи сарҳадии "Кех"-и Ворух рух дод, ду марзбони тоҷик шаҳид шуда, ду тани дигар захмӣ гардиданд", - изҳор дошт мусоҳиб аз ҷамоати Ворух.
Ӯ афзуд, маҷруҳон дар шуъбаи эҳёи Шифохонаи марказии Исфара бистарӣ шуда, ҳоло вазъи саломатияшон муътадил арзёбӣ мешавад.
Аз ҷамоати Чоркуҳ хабар доданд, ки мошини мусофирбари "Газел" ҳадафи тирпарронии марзбонони қирғиз қарор гирифтаст.
"Дар натиҷа чаҳор мусофир ба ҳисоби як кӯдаки хурдсол захмӣ шудаанд. Онҳоро ба Шифохонаи марказӣ бурдаанд ва дараҷаи захмашон сабук шарҳ дода мешавад" - изҳор дошт манбаъ.
Бар асари тирпарониҳои ахир дар ҷамоатҳои Ворух, Зумрад ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар маҷмуъ 2 марзбони тоҷик куштаю 6 нафар маҷруҳ шудаанд, изҳор доштанд манобеъ. Расман мақомоти тоҷик дар бораи талафот ҳанӯз изҳори назар накардаанд.
Ҷониби Қирғизистон иттилоъ дода буд, ки бар асари тирпарронӣ дар Ворух ду сарбозашон ҷароҳат бардоштаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар сар задани ин даргириҳо ҳамдигарро муттаҳам карда, таъкид мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиддат гирифтани вазъ музокирот миёни ҷонибҳо идома дорад.