https://sputnik.tj/20220619/doish-masuliyat-hamla-mabad-hindu-kobul-uhda-1049325055.html
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба як маъбади ҳиндуҳо дар Кобулро бар уҳда гирифт
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба як маъбади ҳиндуҳо дар Кобулро бар уҳда гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи террористии ДОИШ* (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) масъулияти ҳамла ба маъбади ҳиндуҳо дар Кобулро бар ӯҳда гирифтанд
2022-06-19T12:05+0500
2022-06-19T12:05+0500
2022-06-20T14:38+0500
афғонистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамлаи хунин
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032211396_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_0afb9109e765320ac630c4ee5496f338.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Ҳамла ба маъбади ҳиндуҳо дар пойтахти Афғонистонро ҷангҷӯёни ДОИШ* анҷом доданд, хабар медиҳад "Aamaj News". Роҳбарони ин гурӯҳи террористӣ ахиран тасдиқ намуданд, ки ин амали даҳшатбор кори дасти ҷангҷӯёнашон мебошад.Рӯзи шанбеи 18 июн дар маъбади ҳиндуҳои Аҳл-ал-Ҳинуд дар маҳаллаи Карте Парвон дастикам панҷ таркиш ба вуқӯъ пайваст. Зимнан, ҷангҷӯёни толибон ни минтақаро муҳосира карданд ва тирпаронӣ рух дод, хабар медиҳад як рӯз пеш. Зимнан, шоми ҳамон рӯз хабаргузории давлатии Афғонистон Bakhtar хабар дод, ки ҳамлагарон ҳама безарар карда шуданд.Илова бар ин, толибон низ аз кушта шудани як узви худ ва ҳамчунин маҷрӯҳ шудани ҳафт толиби дигар хабар доданд.Қабл аз ин, рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар як масҷиди ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундуз, ҳаммарз бо Тоҷикистон, як нафар кушта ва ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд. Манобеи Aamaj News бо истинод ба Обидулло Абедӣ, намояндаи толибон дар Қундуз хабар дод, ки вазъи маҷрӯҳшудагон қаноатбахш буда, ҳодисаи рухдода таҳқиқ мешавад.* гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032211396_233:0:2964:2048_1920x0_80_0_0_ac97d52e0badb77fbf4283024d41e140.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон ҳамла
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба як маъбади ҳиндуҳо дар Кобулро бар уҳда гирифт
12:05 19.06.2022 (Навсозишуда: 14:38 20.06.2022) Гурӯҳи террористии ДОИШ* (мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) масъулияти ҳамла ба маъбади ҳиндуҳо дар Кобулро бар уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Ҳамла ба маъбади ҳиндуҳо дар пойтахти Афғонистонро ҷангҷӯёни ДОИШ* анҷом доданд, хабар медиҳад "Aamaj News".
Роҳбарони ин гурӯҳи террористӣ ахиран тасдиқ намуданд, ки ин амали даҳшатбор кори дасти ҷангҷӯёнашон мебошад.
Рӯзи шанбеи 18 июн дар маъбади ҳиндуҳои Аҳл-ал-Ҳинуд дар маҳаллаи Карте Парвон дастикам панҷ таркиш ба вуқӯъ пайваст. Зимнан, ҷангҷӯёни толибон ни минтақаро муҳосира карданд ва тирпаронӣ рух дод, хабар медиҳад як рӯз пеш.
Зимнан, шоми ҳамон рӯз хабаргузории давлатии Афғонистон Bakhtar хабар дод, ки ҳамлагарон ҳама безарар карда шуданд.
"Нерӯҳои амниятӣ тавонистаанд, ки ҳамларо ба зудӣ ҷилавгирӣ кунанд ва ҳамлагаронро дар як муддати кӯтоҳ аз байн баранд. Дар натиҷаи ҳамлаи ҷинояткорон як шаҳрванди Ҳиндустон кушта ва ду ҳиндуи дигар захмӣ шуданд", - тавзеҳ дод ин хабаргузорӣ.
Илова бар ин, толибон низ аз кушта шудани як узви худ ва ҳамчунин маҷрӯҳ шудани ҳафт толиби дигар хабар доданд.
Қабл аз ин, рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар як масҷиди ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундуз, ҳаммарз бо Тоҷикистон, як нафар кушта ва ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд. Манобеи Aamaj News бо истинод ба Обидулло Абедӣ, намояндаи толибон дар Қундуз хабар дод, ки вазъи маҷрӯҳшудагон қаноатбахш буда, ҳодисаи рухдода таҳқиқ мешавад.
* гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия