Дастури Раҳмон барои кумаки башардӯстона ба Покистон: Душанбе чӣ мефиристад?

© AP / Asim TanveerЛюди получают еду во время наводнения в Пакистане
Люди получают еду во время наводнения в Пакистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Обуна шудан
Корвони мошинҳои ҳомили ҳазорҳо тонна кумаки башардӯстона, ки ғизою масолеҳи сохтмониро дар бар мегиранд, ба Покистон раҳсипор мешавад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тоҷикистон ба Покистон дар ҳаҷми 3 ҳазор тонна, ба маблағи зиёда аз 12 млн сомонӣ кумаки башардӯстона мефиристад, хабар дод дафтари матбуотии президенти ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, Комиссияи давлатии ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода барои ироаи кумаки башардӯстона ба Покистон қарор қабул кардааст. Таъкид шудаст, ки ин иқдом бо дастури президент, Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, чун феълан мардуми зиёд дар Покистон дучори мушкилоти ҷиддиянд.

"Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.

Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки то қаламрави Покистон кумаки ҷудогардидаи башардӯстонаро расонанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона рӯзи 7 сентябр ба роҳ мебарояд.
Дети в спутниковой антенне во время наводнения в Пакистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Покистон зери об: селу обхезӣ манзилҳои ҳазорҳо нафарро хароб кард – акс
Зикр шудааст, ки феълан мардуми Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаст. Таъкид гардидаст, ки бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 млн нафар зарар дидаанд.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0