ТУТ гуфт, поёни пандемияи COVID-19 наздик аст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСдача экспресс-тестов на COVID-19
Сдача экспресс-тестов на COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2022
Обуна шудан
Ҳафтаи қаблӣ шумораи фавтидагон аз ин сироят камтарин аз моҳи марти соли 2020 буд, ки ТУТ онро фурсати хубе барои поёни пандемия хонд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Пандемияи COVID-19 дар арафаи анҷомёбист. Дар ин бора Тедрос Адҳаном Гебрейесус, директори генералии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар нишасти матбуотӣ изҳорот дод, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъ дар ҷаҳон аз ҳарвақта бештар барои рафъи сирояти коронавирус мувофиқ аст.
Тавре Гебрейюс қайд кард, ҳафтаи гузашта шумораи фавтидагон аз коронавирус аз ҳама пасттарин аз моҳи марти соли 2020 буд.
"Мо ҳеҷ гоҳ дар ҳолати беҳтаре набудем, ки пандемияро хотима диҳем. Ҳадаф ҳанӯз ба даст наомадааст, аммо анҷоми пандемия наздик аст", - гуфт ӯ.
Сардори ТУТ аз кишварҳо даъват кард, ки барои эм кардани 100% гурӯҳҳои аз ҳама хатарнок сармоягузорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар ягон ҳолати сироят сабт нашуда, вазъ зери назорат аст.
Медицинский сотрудник набирает в шприц российский препарат Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Оғози моякӯбии такрории шахсони аз 60-сола боло дар Тоҷикистон
Бояд гуфт, ахиран Вазорати тандурустии кишвар аз оғози даври такрории ваксинагирӣ бар зидди коронавирус миёни афроди мусин хабар дода буд.
Ин марҳала аз ваксинагирӣ, ба иттилои масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон, марбути шаҳрвандони мусин, нафароне, ки бештар аз 60 сол син доранд, роҳандозӣ шудааст. Ин қишри ҷомеаи кишвар, ки ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифта буданд, вазорат эълон кард, ки онҳо метавонанд барои бори чаҳорум моякӯбӣ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0