https://sputnik.tj/20220915/eron-uzvi-komilhuquqii-shsh-shud-1051413371.html
Эрон узви комилҳуқуқии СҲШ шуд?
Эрон узви комилҳуқуқии СҲШ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай вуруди узвияти комилҳуқуқии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин созмонро таҳаввули муҳиме хондааст
2022-09-15T13:55+0500
2022-09-15T13:55+0500
2022-09-15T20:03+0500
эрон
осиёи марказӣ
имзо
имзои ёддошти тафоҳум
сҳш
узвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_0:404:2923:2048_1920x0_80_0_0_322156d6b37294351c7ce77ffcf14dc3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазири хориҷаи Эрон дар дидор бо дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон Ёддошти тааҳҳудоти узвияти доими Эрон дар ин созмонро имзо карданд.“Имшаб дар шаҳри торихии Самарқанди ёддошти тааҳҳудоти узвияти доимии Эрон назд СҲШ-ро бо дабирикули ин созмон имзо кардам. Акнӯн вориди марҳалаи ҷадиди ҳамкориҳои мутанаввии иқтисодӣ, тиҷорӣ, тронзитӣ, энержӣ ва ғайра шудаем. Дабири кулли созмон пайвастани доими Эрон ва имзои санадро табрик гуфт ва онро таҳаввули муҳиммии хонд” гуфт Амирабдуллоҳиён дар саҳифаи твиттериаш.Созмони Ҳамкории Шанхай, созмоне байни давлатие аст, ки барои ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шудааст.Эрон ҳам дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар ин созмон буда ва қарор аст, узвияти доими Эрон ба имзои сарони ин созмон дар нишасти Самарқанд бирасад.Амирабдуллоҳиён пас аз имзои ин ёддошт, тайи изҳороте бо ишора ба инки тасвиби асноди марбӯт ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати давлати Эрон анҷом шуда ва ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ирсол гардида афзуд, "умедворем, ки ҳарчӣ сареътар шоҳиди узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бошем"Дабири кулли СҲШ низ пас аз имзои ин ёддошт бо таъкид бар инки имрӯз барои Эрон ва ин созмон, рӯзи таъйинкунандае аст, хотирнишон кард, аъзои СҲШ нигоҳи бисёр мусбате ба Эрон доранд ва тасдиқ мекунанд, ки пас аз вуруди Эрон, шоҳиди ҷойгоҳи вижа ва олии созмон хоҳем буд.
https://sputnik.tj/20220906/eron-shsh-raisi-samarqand-1051188947.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_ae7836e3ab6b56f738ca30635fe4055c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, осиёи, миёна, узвият, сҳш, таҳавуллот, имзо, ёддошти тафоҳум
эрон, осиёи, миёна, узвият, сҳш, таҳавуллот, имзо, ёддошти тафоҳум
Эрон узви комилҳуқуқии СҲШ шуд?
13:55 15.09.2022 (Навсозишуда: 20:03 15.09.2022) Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин созмонро аз таҳаввулоти муҳим эълом кардааст
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазири хориҷаи Эрон дар дидор бо дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон Ёддошти тааҳҳудоти узвияти доими Эрон дар ин созмонро имзо карданд.
“Имшаб дар шаҳри торихии Самарқанди ёддошти тааҳҳудоти узвияти доимии Эрон назд СҲШ-ро бо дабирикули ин созмон имзо кардам. Акнӯн вориди марҳалаи ҷадиди ҳамкориҳои мутанаввии иқтисодӣ, тиҷорӣ, тронзитӣ, энержӣ ва ғайра шудаем. Дабири кулли созмон пайвастани доими Эрон ва имзои санадро табрик гуфт ва онро таҳаввули муҳиммии хонд” гуфт Амирабдуллоҳиён дар саҳифаи твиттериаш.
Созмони Ҳамкории Шанхай, созмоне байни давлатие аст, ки барои ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шудааст.
Эрон ҳам дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар ин созмон буда ва қарор аст, узвияти доими Эрон ба имзои сарони ин созмон дар нишасти Самарқанд бирасад.
Амирабдуллоҳиён пас аз имзои ин ёддошт, тайи изҳороте бо ишора ба инки тасвиби асноди марбӯт ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати давлати Эрон анҷом шуда ва ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ирсол гардида афзуд, "умедворем, ки ҳарчӣ сареътар шоҳиди узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бошем"
Дабири кулли СҲШ низ пас аз имзои ин ёддошт бо таъкид бар инки имрӯз барои Эрон ва ин созмон, рӯзи таъйинкунандае аст, хотирнишон кард, аъзои СҲШ нигоҳи бисёр мусбате ба Эрон доранд ва тасдиқ мекунанд, ки пас аз вуруди Эрон, шоҳиди ҷойгоҳи вижа ва олии созмон хоҳем буд.