https://sputnik.tj/20220906/eron-shsh-raisi-samarqand-1051188947.html
Эрон узви СҲШ мешавад: таъйиди сафари Раисӣ ба Самарқанд
Эрон узви СҲШ мешавад: таъйиди сафари Раисӣ ба Самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон дар баробари ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои нозири созмон дар ҳамоиши президентҳо ширкат мекунад
2022-09-06T11:20+0500
2022-09-06T11:20+0500
2022-09-06T13:36+0500
сҳш
ӯзбекистон
эрон
дар ҷаҳон
ҳамкорӣ
самарқанд
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1c/1049577150_0:0:2915:1640_1920x0_80_0_0_989dfaa0e3fe64c4933a7cacd874b49d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ширкати худро дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Ӯзбекистон таъйид кард. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Иброҳим Раисӣ қасд дорад дар нишасти рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд ширкат кунад. Маврид ба зикр аст, ки Эрон ба раванди пайвастан ба СҲШ, ки дар нишасти сарони ин созмон дар моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе тасвиб шуда буд, пардохтаст. Ахиран Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъкид намуд, ки дар аҳди раёсати кишвараш дар СҲШ, Эрон узви ин созмон хоҳад шуд. Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, роҳбарони кишварҳои узви СҲШ ва бархе давлатҳои дигар иштирокашонро дар ҳамоиши Самарқанд тасдиқ карданд. СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220903/vurud-samarqand-sentyabr-mahdud-1051144472.html
ӯзбекистон
эрон
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1c/1049577150_184:0:2915:2048_1920x0_80_0_0_b29bcaf745fa34b6cfa54e02a162d0f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иброҳим, раисӣ, самарқанд, мулоқот
иброҳим, раисӣ, самарқанд, мулоқот
Эрон узви СҲШ мешавад: таъйиди сафари Раисӣ ба Самарқанд
11:20 06.09.2022 (Навсозишуда: 13:36 06.09.2022) Раисҷумҳури Эрон дар баробари ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои нозири созмон дар ҳамоиши президентҳо ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ширкати худро дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Ӯзбекистон таъйид кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Иброҳим Раисӣ қасд дорад дар нишасти рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд ширкат кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Эрон ба раванди пайвастан ба СҲШ, ки дар нишасти сарони ин созмон дар моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе тасвиб шуда буд, пардохтаст.
Ахиран Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъкид намуд, ки дар аҳди раёсати кишвараш дар СҲШ, Эрон узви ин созмон хоҳад шуд.
"Дар Самарқанд ҳамчунин ёддошти тафоҳум дар мавриди уҳдадориҳои Эрон ҳамчун узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай имзо хоҳад шуд", - гуфта буд Норов.
Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, роҳбарони кишварҳои узви СҲШ ва бархе давлатҳои дигар иштирокашонро дар ҳамоиши Самарқанд тасдиқ карданд.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.