https://sputnik.tj/20220915/bunyodi-korkhona-dar-nohiyai-jayhun-1051405760.html
Бунёди 20 корхонаи нав то соли 2026 дар ноҳияи Ҷайҳун
Бунёди 20 корхонаи нав то соли 2026 дар ноҳияи Ҷайҳун
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифти шудааст
2022-09-15T10:45+0500
2022-09-15T10:45+0500
2022-09-15T14:14+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
ҷайҳун
хатлон
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_0:94:1819:1117_1920x0_80_0_0_8a234baa332b4606931458f917115b86.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун хабар додаанд, аз ин 20 корхонае, ки бояд бунёд гардад, алакай се ададаш бо 50 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Маҳмуродзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, хабар додааст, ки дар доираи эълон шудани солҳои рушди саноат ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун тасмим гирифтааст, ки шумораи корхонаҳои саноатиро 20 адад зиёд кунад.Вай қайд кардааст, ки дар 8 моҳи соли равон аз 20 корхонаи ба нақша гирифташуда се адади он – ҶДММ “Тахор Тоҷикистон плас”, самти фаъолияташ истеҳсоли қуттиҳои плостикӣ барои меваҷот бо 10 ҷойи нави корӣ, ҶДММ “Панелҳои офтобӣ” бо таъсиси 25 ҷойи корӣ ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ бо 6 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуданд.Инчунн вай илова кардаат, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 70,7 миллион сомонӣ расонида шуд.Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, суръати афзоиш бошад 122,1 дарсадро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20220727/imzoi-yoddoshti-tafohum-sifat-sanoat-tojikiston-dundariar-turkiya-1050307374.html
ҷайҳун
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_102:0:1717:1211_1920x0_80_0_0_f050bda3f1aa2f269b74c8c56771639a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ноҳияи ҷайҳун, бунёд, корхона, хатлон, саноат
тоҷикистон, ноҳияи ҷайҳун, бунёд, корхона, хатлон, саноат
Бунёди 20 корхонаи нав то соли 2026 дар ноҳияи Ҷайҳун
10:45 15.09.2022 (Навсозишуда: 14:14 15.09.2022) Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифти шудааст
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун хабар додаанд, аз ин 20 корхонае, ки бояд бунёд гардад, алакай се ададаш бо 50 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Маҳмуродзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, хабар додааст, ки дар доираи эълон шудани солҳои рушди саноат ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун тасмим гирифтааст, ки шумораи корхонаҳои саноатиро 20 адад зиёд кунад.
Вай қайд кардааст, ки дар 8 моҳи соли равон аз 20 корхонаи ба нақша гирифташуда се адади он – ҶДММ “Тахор Тоҷикистон плас”, самти фаъолияташ истеҳсоли қуттиҳои плостикӣ барои меваҷот бо 10 ҷойи нави корӣ, ҶДММ “Панелҳои офтобӣ” бо таъсиси 25 ҷойи корӣ ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ бо 6 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Инчунн вай илова кардаат, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 70,7 миллион сомонӣ расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, суръати афзоиш бошад 122,1 дарсадро ташкил медиҳад.