https://sputnik.tj/20220915/barrasii-muqovimat-radikalizatsiya-terrorizm-tojikistonu-hinduston-1051409438.html
Баррасии масоили муқовимат ба радикализатсия ва терроризм миёни Тоҷикистону Ҳиндустон
Баррасии масоили муқовимат ба радикализатсия ва терроризм миёни Тоҷикистону Ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ҳинудстон дар як ҷаласаи маҷози масоили муқовимат ба радикализатсия, мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти кибернетикиро баррасӣ намуданд
2022-09-15T12:20+0500
2022-09-15T12:20+0500
2022-09-15T14:08+0500
дар тоҷикистон
ҳиндустон
амният ва мудофиа
терроризм
муқовимат
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051409252_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_6a7d6ab4b1f35796ab479c4f43b0d118.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ахиран ҷаласаи чаҳорумин Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи мубориза бо терроризм дар шакли маҷозӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст "Telegram-канал"-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Тибци иттилои манбаъ, дар ин ыаласа ҳайатҳои ду кишвар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар бобати ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, табодули афкор карданд.Ҳамчунин тарафҳо, масоили муқовимат ба радикализатсия, мубориза бо маблағгузории терроризм, таъмини амнияти кибернетикӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва таҳкими иқтидори соҳавио баррасӣ карданд.Таъкид шудааст, ки ҳарду ҷониб ҳамзамон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе рӯзи 18-19 октябри соли равон баргузор гардад, истиқбол кардандДар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои идома додани ҳамкории зич миёни ниҳодҳои марбута ба манзури дарёфти роҳу василаҳои муқовимат ба чолишу хатарҳои муосир тасдиқ намуданд.
https://sputnik.tj/20220317/taloshi-hinduston-bozori-bonkii-tojikiston-1046880421.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051409252_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_fffa8437dfeab4afc73dc3334f500d7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муқовимат, терроризм, радикализатсия, ҳиндустон, таъмини амният
тоҷикистон, муқовимат, терроризм, радикализатсия, ҳиндустон, таъмини амният
Баррасии масоили муқовимат ба радикализатсия ва терроризм миёни Тоҷикистону Ҳиндустон
12:20 15.09.2022 (Навсозишуда: 14:08 15.09.2022) Тоҷикистону Ҳинудстон дар як ҷаласаи маҷозӣ масоили муқовимат ба радикализатсия, мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти кибернетикиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ахиран ҷаласаи чаҳорумин Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи мубориза бо терроризм дар шакли маҷозӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст "
Telegram-канал"-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Тибци иттилои манбаъ, дар ин ыаласа ҳайатҳои ду кишвар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар бобати ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, табодули афкор карданд.
Ҳамчунин тарафҳо, масоили муқовимат ба радикализатсия, мубориза бо маблағгузории терроризм, таъмини амнияти кибернетикӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва таҳкими иқтидори соҳавио баррасӣ карданд.
Таъкид шудааст, ки ҳарду ҷониб ҳамзамон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе рӯзи 18-19 октябри соли равон баргузор гардад, истиқбол карданд
Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои идома додани ҳамкории зич миёни ниҳодҳои марбута ба манзури дарёфти роҳу василаҳои муқовимат ба чолишу хатарҳои муосир тасдиқ намуданд.