https://sputnik.tj/20220915/az-gustarishi-hamkori-to-vazi-afghoniston--mavzuhoi-matrah-dar-muloqoti-rahmon-va-raisi-1051422373.html
Аз густариши ҳамкорӣ то вазъи Афғонистон – мавзуъҳои матраҳ дар мулоқоти Раҳмон ва Раисӣ
Аз густариши ҳамкорӣ то вазъи Афғонистон – мавзуъҳои матраҳ дар мулоқоти Раҳмон ва Раисӣ
Sputnik Тоҷикистон
Руасоиҷумҳури Тоҷикистону Эрон масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Душанбеву Теҳронро мавриди баррасӣ қарор доданд
2022-09-15T15:35+0500
2022-09-15T15:35+0500
2022-09-15T20:05+0500
дар тоҷикистон
эрон
мулоқот
эмомалӣ раҳмон
иброҳим раисӣ
самарқанд
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048802729_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_72a0d5b878aea42078affe63ee6bb5c4.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.Сарони ду кишвар масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ карданд.Дар ин мулоқот қайд карда шуд, ки дар пешравӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, инчунин дар арсаи фарҳангиву гуманитарӣ ба нафъи мардумони ду кишвар хоҳад буд.Дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар баробари ин, аз таъсиси гурӯҳи кории муштарак ба мақсади истифодаи зарфиятҳои транзитии ду кишвар ва идомаи ҳамкориҳои мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла барқарории равобити бародаршаҳрӣ байни онҳо ҷонибдорӣ намуданд.Ҳамзамон зарурати бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, ба монанди Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, Кумитаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Эрон, баргузории пайвастаи намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва нишастҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар дар ростои расидан ба ҳадафҳо таъкид гардид.Кишвардори Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардуми ду кишвар, нақши баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар муҳим хонданд.Дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони Эмомалӣ Раҳмон ва Саидиброҳим Раисӣ ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар анҷом доданд.
https://sputnik.tj/20220915/eron-uzvi-komilhuquqii-shsh-shud-1051413371.html
эрон
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048802729_93:0:1230:853_1920x0_80_0_0_419dc046bf409329edf2fa94b2d3e282.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, муносибат, мулоқот, эмомалӣ раҳмон, саибиброҳим раисӣ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, муносибат, мулоқот, эмомалӣ раҳмон, саибиброҳим раисӣ
Аз густариши ҳамкорӣ то вазъи Афғонистон – мавзуъҳои матраҳ дар мулоқоти Раҳмон ва Раисӣ
15:35 15.09.2022 (Навсозишуда: 20:05 15.09.2022) Руасои ҷумҳурҳои Тоҷикистону Эрон масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Душанбеву Теҳронро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Сарони ду кишвар масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ карданд.
Дар ин мулоқот қайд карда шуд, ки дар пешравӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, инчунин дар арсаи фарҳангиву гуманитарӣ ба нафъи мардумони ду кишвар хоҳад буд.
“Дар ин замина ба рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ду кишвар авлавият дода шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар баробари ин, аз таъсиси гурӯҳи кории муштарак ба мақсади истифодаи зарфиятҳои транзитии ду кишвар ва идомаи ҳамкориҳои мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла барқарории равобити бародаршаҳрӣ байни онҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамзамон зарурати бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, ба монанди Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, Кумитаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Эрон, баргузории пайвастаи намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва нишастҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар дар ростои расидан ба ҳадафҳо таъкид гардид.
Кишвардори Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардуми ду кишвар, нақши баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар муҳим хонданд.
Дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони Эмомалӣ Раҳмон ва Саидиброҳим Раисӣ ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар анҷом доданд.