Тирпарронӣ дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфара, ҳаммарз бо Қаробоғи Бодканд

Стрельба из АК-47 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Обуна шудан
Манобеи наздимарзии шаҳри Исфара дар бораи тирпарронии марзӣ дар ҳудуди ҷамоати Зумради ин шаҳр, ҳаммарз бо Қаробоғи Қирғизистон хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфара тирпарронӣ сурат гирифт, иттилоъ додааст манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон аз ҷамоати Зумради Исфара.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ тирпарронӣ ҳамин чанд лаҳза пеш миёни сарҳадбонони ду кишвар дар мавзеъи Чорқишлоқи Исфара сурат гирифта ва дар пай талафот доштааст.
“Сарҳадбонони қирғиз, ки дар Достук ҷойгиранд ба ҷониби дидбонгоҳи марзии ҷамоати Зумрад тир кушодаанд. Дар натиҷаи ин ҳодиса як сарбоз захмӣ шудааст” - изҳор намуд, манбаъ.
Рухдоди тирпарронӣ дар ҳудуди ҷамоати Зумрад дар ҳолест, ки субҳи имрӯз соати 7:15 дақиқа дар ҷамоати Ворух воқеъ дар минтақаи Кех миёни сарбозони ду кишвар тирпарронӣ рух дода буд.
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Даргирии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бино ба гуфти манобеъ дар натиҷаи ин ҳодиса як марзбони тоҷик ба шаҳодат расида ду тани дигар захмӣ шудаанд.
Ҷониби Қирғизитон ҳам дар бораи захмӣ шудани ду сарбозаш дар минтақаи Кех хабар додааст.
Лентаи хабарҳо
0