https://sputnik.tj/20220914/taghyiroti--idorai-zindonhoi-tojikiston-1051389098.html
Тағйироти кадрӣ дар идораи зиндонҳои Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар идораи зиндонҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сардори нави Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғдро генерал Мансурҷон Умаров, роҳбари идораи зиндонҳои Тоҷикистон муаррифӣ кард
2022-09-14T15:00+0500
2022-09-14T15:00+0500
2022-09-14T17:35+0500
дар тоҷикистон
зиндон
ислоҳ
тағйироти кадрӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/03/1031839875_0:0:1919:1080_1920x0_80_0_0_01d1e09e6d192137e835a50e6605b129.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи зиндонҳои вилояти Суғд тағйироти кадрӣ анҷом додааст.Бо фармони вазири адлия, полковник Мирзо Маҳмадӣ, сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд таъйин гардид, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар расми муаррифии мақомдори нави идораи зиндонҳо дар вилояти Суғд, генерал Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иштирок дошт. Полковник Мирзо Маҳмадӣ дар ин мақом полковник Иброҳим Солеҳзодаро иваз намуд. Маврид ба зикр аст, ки Солеҳзода дар ин вазифа ҳудуди 10 сол кор кардааст. Зимнан сабаби барканории Солеҳзод гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо вазифаи нави ӯ ҳанӯз маълум нест. Мирзо Маҳмадӣ то таъйин шуданаш ба мақоми роҳбарӣ дар идораи зиндонҳои Суғд, дар Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор кардааст.
https://sputnik.tj/20220819/taghyiroti-kadri-dar-kdam-tojikiston-1050824774.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/03/1031839875_0:0:1919:1440_1920x0_80_0_0_14942a9cae76ca71a9cc588e57a05cf4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, сардор, идора, зиндонҳо, тоҷикистон
таъйин, сардор, идора, зиндонҳо, тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар идораи зиндонҳои Тоҷикистон
15:00 14.09.2022 (Навсозишуда: 17:35 14.09.2022) Сардори нави Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғдро генерал Мансурҷон Умаров, роҳбари идораи зиндонҳои Тоҷикистон муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи зиндонҳои вилояти Суғд тағйироти кадрӣ анҷом додааст.
Бо фармони вазири адлия, полковник Мирзо Маҳмадӣ, сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд таъйин гардид, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар расми муаррифии мақомдори нави идораи зиндонҳо дар вилояти Суғд, генерал Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иштирок дошт.
"Маросими муаррифии сардори нави Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури генерал Мансурҷон Умаров баргузор шуд", – афзуд, манбаъ
Полковник Мирзо Маҳмадӣ дар ин мақом полковник Иброҳим Солеҳзодаро иваз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Солеҳзода дар ин вазифа ҳудуди 10 сол кор кардааст. Зимнан сабаби барканории Солеҳзод гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо вазифаи нави ӯ ҳанӯз маълум нест.
Мирзо Маҳмадӣ то таъйин шуданаш ба мақоми роҳбарӣ дар идораи зиндонҳои Суғд, дар Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор кардааст.