https://sputnik.tj/20220819/taghyiroti-kadri-dar-kdam-tojikiston-1050824774.html
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода, мақомдорони навтаъйинро дастур дод
2022-08-19T16:12+0500
2022-08-19T16:12+0500
2022-08-19T16:12+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
тағйироти кадрӣ
фармон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/02/1050438668_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_8ef4a27122d506b1b3615d798035824e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Назарзода Турабек Камол муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таъйин гардид. Фармон дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст. Бо фармони дигар Мирзозода Сафаралӣ Раҳим аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод гардид. Далели барканории Мирзозода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо тафсилоти дигар зикр нагардидааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Назирзода Сафаралиро муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудааст. Дар баробари ин тағйироти кадрӣ дар дигар сохтору идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон кадрҳои навтаъйинро ҷавонони болаёқат муаррифӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо мақомдорони тозатаъйин изҳор доштааст, ки мубориза бо ҳама гуна қонуншиканиҳо пурзӯр намоянд, ба кор бо ҳисси баланди масъулият муносибат карда, барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида аз худ қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон диҳанд.Раисҷумҳур таъкид намудаст, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.
https://sputnik.tj/20220817/sardori-peshin-shkd-khorugh-muovini-vazir-general-polkovnik-1050775773.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/02/1050438668_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_1296d48929222c2561d6bfe95c518c96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, барканор, генерал, кдам, тоҷикистон
таъйин, барканор, генерал, кдам, тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода, мақомдорони навтаъйинро дастур дод
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Назарзода Турабек Камол муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таъйин гардид.
Фармон дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст.
Бо фармони дигар Мирзозода Сафаралӣ Раҳим аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод гардид.
Далели барканории Мирзозода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо тафсилоти дигар зикр нагардидааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Назирзода Сафаралиро муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудааст.
Дар баробари ин тағйироти кадрӣ дар дигар сохтору идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон кадрҳои навтаъйинро ҷавонони болаёқат муаррифӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо мақомдорони тозатаъйин изҳор доштааст, ки мубориза бо ҳама гуна қонуншиканиҳо пурзӯр намоянд, ба кор бо ҳисси баланди масъулият муносибат карда, барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида аз худ қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон диҳанд.
Раисҷумҳур таъкид намудаст, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.