https://sputnik.tj/20220914/muzokirot-tojikistonu-qirghiziston-bozgardonidani-subot-marz-1051400377.html
Музокирот миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои бозгардонидани субот дар марз идома дорад
Музокирот миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои бозгардонидани субот дар марз идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот ду кишвари ҳамсоя барои бозгардонидани оромишу субот ба минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон пушти мизи музокира нишастанд
2022-09-14T18:50+0500
2022-09-14T18:50+0500
2022-09-17T01:58+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
музокирот
суғд
бодканд
субот
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047599781_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_b81d0fccc44a24e0c1d6a10c42b2d60e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон да наздикии деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара в пушти мизи музокира нишсатанд, иттилоъ додааст манбаъ аз шаҳрдории Исфара.Музокираи мазкур пас аз чанд ҳодисаи тирпарронӣ, ки ахиран дар марзи ду кишвар сар зад ва боиси кушта шудани ду марзбон ва захми шудани 6 нафари дигар шуд, сурат гирифт.Дар ин музокирот Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, сардори Раёсати ВКД-и Тоҷикистон генерал Абдулло Навҷувонов, Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, ва дигар раисони ҷамоатҳои наздимарзии шаҳри Исфара намояндагӣ мекунанд.Ҷониби Қирғизистонро дар ин музокирот раиси вилояти Бодканд Абдикарим Олимбоев намояндагӣ мекунад.Манбаъ қайд кардааст, ки музокирот миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз зуҳр шурӯъ шуд ва то ҳол идома дорад.Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии "Кех" дар ҷамоати Ворух муттаҳам кард.КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии "Булакбошӣ"-и Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз минамёт гулӯлаҳо партофтаанд.Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.
https://sputnik.tj/20220914/kushta-talafot-tojikiston-marz-1051398792.html
қирғизистон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047599781_113:0:1073:720_1920x0_80_0_0_9421411234ff43c48fea0ed04b6f30a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, субот, вазъ, бозгардонӣ, ҳамсоя, мақомот
тоҷикистон, қирғизистон, марз, субот, вазъ, бозгардонӣ, ҳамсоя, мақомот
Музокирот миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои бозгардонидани субот дар марз идома дорад
18:50 14.09.2022 (Навсозишуда: 01:58 17.09.2022) Мақомот ду кишвари ҳамсоя барои бозгардонидани оромишу субот ба минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон пушти мизи музокира нишастанд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон да наздикии деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара в пушти мизи музокира нишсатанд, иттилоъ додааст манбаъ аз шаҳрдории Исфара.
Музокираи мазкур пас аз чанд ҳодисаи тирпарронӣ, ки ахиран дар марзи ду кишвар сар зад ва боиси кушта шудани ду марзбон ва захми шудани 6 нафари дигар шуд, сурат гирифт.
Дар ин музокирот Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, сардори Раёсати ВКД-и Тоҷикистон генерал Абдулло Навҷувонов, Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, ва дигар раисони ҷамоатҳои наздимарзии шаҳри Исфара намояндагӣ мекунанд.
Ҷониби Қирғизистонро дар ин музокирот раиси вилояти Бодканд Абдикарим Олимбоев намояндагӣ мекунад.
Манбаъ қайд кардааст, ки музокирот миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз зуҳр шурӯъ шуд ва то ҳол идома дорад.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии "Кех" дар ҷамоати Ворух муттаҳам кард.
КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии "Булакбошӣ"-и Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз минамёт гулӯлаҳо партофтаанд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.