Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст: музокира ба чӣ натиҷа расид?

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПограничный столб. Таджикско-афганская граница.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Обуна шудан
Музокираи мақомоти ду кишвари ҳамсоя барои бозгардонидани оромишу субот ба минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар минтақае дар ҳудуди Тоҷикистон дар наздикии деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара пушти мизи музокира нишаста буданд, аз иқдомоте дар ҷиҳати ҳифзи субот кор гирифтанд, иттилоъ додааст ба Sputnik Тоҷикистон манбаи огоҳ аз музокирот.
Манбаъ мегӯяд, дар ин музокирот Қирғизистону Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки ҳайати кормандони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои марзӣ дар мавзеи Торт-Кочо посбонӣ кунанд.
Ҳамчунин тарафҳо дар мавриди берун кашидани техникаҳои низомӣ аз наздикии марз ва ҷазо додани нафароне, ки дар ин тирпарронӣ даст доштанд, ба тавофуқ расиданд.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон хабар додааст, ки тарафҳо дар ин музокирот ба тавофуқ расиданд, намояндагони сарҳадӣ бо мақсади назорати вазъ дар сарҳад, дар минтақаи Торт-Кочо мустақар шаванд.
Переговоры по ситуации на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Музокирот миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои бозгардонидани субот дар марз идома дорад
Таъкид шудааст, ки соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ дар мавзеи Торт-Кочо мулоқоти навбатӣ баргузор гардад. Дар он фармондеони нерӯҳои марзбонии ду кишвар, ки сарҳадро посбонӣ мекунанд, ширкат хоҳанд кард.
Мулоқоти навбатии раҳбарияти ду вилояти марзӣ дар мавзеи Кӯксой баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии "Кех" дар ҷамоати Ворух муттаҳам кард.
КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии "Булакбошӣ"-и Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз минамёт гулӯлаҳо партофтаанд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.
Лентаи хабарҳо
0