Лавров саҳми Русия дар Тоҷикистонро гуфт: аз 1,6 млрд доллар сармоя то 300 корхона

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров во время встречи с министром иностранных дел Таджикистана Сироджиддином Мухриддином
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров во время встречи с министром иностранных дел Таджикистана Сироджиддином Мухриддином  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия Душанбе ва Маскавро шарикони боэътимоди тиҷоратӣ - сармоягузорӣ хонда, нишондодҳо дар ин бахшро ном бурд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 300 корхона бо иштироки Русия фаъолият дошта, додугирифти тиҷорӣ сол ба сол майли афзоиш дорад.
Ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" баён дошта, саҳми ФР-ро дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 21% арзёбӣ кардаст.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди мушкилоти воқеӣ, соли 2021 тиҷорати мутақобила нисбат ба соли 2020 ҳудуди 44,7% зиёд шуда, беш аз 1,2 млрд долларро ташкил дод. Дар моҳҳои январ-апрели соли равон додугирифти мол 15,7% афзоиш ёфтаст, афзуд Лавров.
"Ҳаҷми умумии маблағгузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1,6 миллиард доллар ё 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷиеро, ки ба мамлакат ворид шудааст, ташкил медиҳад", - изҳор дошт ӯ.
Вазири умури хориҷӣ тавзеҳ дод, ки аз ин ҳисоб 0,8 млрд доллар сармоягузории мустақим мебошад, ки ба 17,7%-и ҳаҷми умумии сармоягузории мустақим баробар аст.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Додугирифти Тоҷикистону Русия ба як миллиард доллар наздик шудааст
Зикр шудааст, ки 8 апрели соли 2022 аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия расо 30 сол пур шуд.
Таъкид гардидаст, ки тайи ин солҳо миёни Тоҷикистону Русия зиёда аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба имзо расиданд.
Лентаи хабарҳо
0