https://sputnik.tj/20220912/dodugirifti-tojikistonu-rusiya-milliard-dollar-nazik-1051347411.html
Додугирифти Тоҷикистону Русия ба як миллиард доллар наздик шудааст
Додугирифти Тоҷикистону Русия ба як миллиард доллар наздик шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Русия иддао доранд, ки дар соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни ду кишвар 42 дарсад афзоиш ёфтааст
2022-09-12T22:00+0500
2022-09-12T22:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
иқтисод
додугирифт
зиёд шудан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар 7 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 908,3 млн долларро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 268 млн доллар ё 42 дарсад бештар аст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”Ёдовар мешавем, ки ахиран дар маросими таылили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Маскав вазири иқтисоди Русия Максим Решетников гуфт, ки соли 2021 нишондиҳандаи гардиши савдои дуҷониба ба 1,4 млрд доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2020 380 млн доллар ё ин ки 40 фоиз афзоиш ёфт.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Маскав мулоқоти муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия-Вазири саноат ва тиҷорат Денис Мантуров бо ҳайати Тоҷикистон дар симои вазири иқтисод ва савдо, вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумахонзода ва роҳбарияти ҶСК “ТАЛКО” сурат гирифт.Дар ин мулоқот масоили ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони аввали корхонаҳои саноатию сармоягузорони Русия дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия, ки баргузории он 14–15 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуд.Ҳамзамон дар ин дидор тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.
https://sputnik.tj/20220910/reshetnikov-tojikiston-iqtisod-1051309212.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, додугирифт, афзоиш, саноат, иқтисод
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, додугирифт, афзоиш, саноат, иқтисод
Додугирифти Тоҷикистону Русия ба як миллиард доллар наздик шудааст
22:00 12.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Мақомоти Тоҷикистону Русия иддао доранд, ки дар соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни ду кишвар 42 дарсад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар 7 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 908,3 млн долларро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 268 млн доллар ё 42 дарсад бештар аст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар маросими таылили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Маскав вазири иқтисоди Русия Максим Решетников гуфт, ки соли 2021 нишондиҳандаи гардиши савдои дуҷониба ба 1,4 млрд доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2020 380 млн доллар ё ин ки 40 фоиз афзоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Маскав мулоқоти муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия-Вазири саноат ва тиҷорат Денис Мантуров бо ҳайати Тоҷикистон дар симои вазири иқтисод ва савдо, вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумахонзода ва роҳбарияти ҶСК “ТАЛКО” сурат гирифт.
Дар ин мулоқот масоили ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони аввали корхонаҳои саноатию сармоягузорони Русия дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия, ки баргузории он 14–15 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуд.
Ҳамзамон дар ин дидор тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.