СҲШ дархости кишвари нав барои шарикиро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Вадим Брайдов / Гузариш ба медиабонкЛоготип Шанхайской организации сотрудничества (ШОС), архивное фото
Логотип Шанхайской организации сотрудничества (ШОС), архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Обуна шудан
Мянмор нақша дорад, ки шарики навбатии муколама дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шавад ва дархосташ дар шаҳри Самарқанд баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Сарони кишварҳои узви СҲШ дар нишасти рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд дархости Мянмор барои гирифтани мақоми шарики ин созмонро баррасӣ мекунанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Бахтиёр Ҳакимов хабар дод.
"Дар ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳо дархости Мянмор дар мавриди мақоми шарики муколамаи СҲШ баррасӣ хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Ҳакимов тавзеҳ дод, ки дар ин марҳила дар бораи додани узвият ба давлати номбурда дар ин созмон ҳарфе нест. Зикр шуд, ки дархости Мянмор ҳанӯз соли 2021 ворид шуда буд.
Дар нишасти навбатии сарони СҲШ миёнаҳои моҳи сентябр дар Ӯзбекистон имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Инчунин созишномаи ҳусни тафоҳум бо бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаст.
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Амният тақсим намешавад: Мирзиёев хост, СҲШ ба Афғонистон кумак кунад
Ҳамчунин интизор меравад, ки ёддошти тааҳҳудоти Эрон барои дарёфти мақоми узви СҲШ низ имзо шаваду раванди қабули Белорус ба ҳайси узви ин созмон оғоз гардад.
СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Кишварҳои узви ин созмон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.
Лентаи хабарҳо
0