https://sputnik.tj/20220902/tavlid-nerui-barq-tojikiston-1051111035.html
Афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон: манбаъ чист?
Афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон: манбаъ чист?
Sputnik Тоҷикистон
Тайи ҳафт моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 12,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки аксари онро нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол кардаанд
2022-09-02T10:50+0500
2022-09-02T10:50+0500
2022-09-05T20:28+0500
дар тоҷикистон
энергетика
истеҳсол
тавлидот
нерӯ
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/63/1029826383_183:328:1520:1080_1920x0_80_0_0_3db832be1b3e0d680da7e7a10f3a7383.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Беш аз 93,5%-и нерӯи барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол гардидааст, хабар дод "Авесто" бо такя ба мақомоти умури энергетикаи ҷумҳурӣ. Ба иттилои масъулин, ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон, тайи 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 12 млрду 502,7 млн кВт/соатро ташкил дод. Таъкид гардидаст, ки нишондоди тавлидоти барқ дар муқоиса бо ҳафтмоҳаи аввали соли гузашта ҳудуди 360,9 млн кВт/соат ё 3% бештар мебошад. Дар мавриди манбаи истеҳсоли барқ таъкид шудааст, ки нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ тайи январ - июли соли равон 11 млрду 697 млн кВт/соатро истеҳсол кардаанд. Ин рақам беш аз 93,5%-и ҳаҷми умумии нерӯи барқ дар саросари кишварро ташкил медиҳад. Дар марказҳои барқу гармидиҳии ҷумҳурӣ тайи ҳафтмоҳа 1,1 млрд кВт/соат истеҳсол шудаст.Дар зимн зикр шудаст, ки тавлиди гармӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла тайи ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ 675,8 ҳазор Гкал гармӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 наздики 6% камтар аст.Нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2 ҳазор кВт/соат нерӯи барқро истеҳсол кардаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷиро афзоиш дода, дар 7 моҳи соли 2022 ба кишварҳои минтақа ба маблағи 64,5 млн доллар нерӯи барқ содир кардааст. Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 55 млн доллар буд.
https://sputnik.tj/20220827/afzoishi-sodiroti-barq-tojikiston-afghoniston-1050979292.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/63/1029826383_275:255:1375:1080_1920x0_80_0_0_3d10ea709951216ae0b7a921c06ac2d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, тавлид, нерӯи барқ, тоҷикистон, афзоиш
афзоиш, тавлид, нерӯи барқ, тоҷикистон, афзоиш
Афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон: манбаъ чист?
10:50 02.09.2022 (Навсозишуда: 20:28 05.09.2022) Тайи ҳафт моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 12,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки аксари онро нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол кардаанд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Беш аз 93,5%-и нерӯи барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол гардидааст, хабар дод "Авесто" бо такя ба мақомоти умури энергетикаи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои масъулин, ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон, тайи 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 12 млрду 502,7 млн кВт/соатро ташкил дод. Таъкид гардидаст, ки нишондоди тавлидоти барқ дар муқоиса бо ҳафтмоҳаи аввали соли гузашта ҳудуди 360,9 млн кВт/соат ё 3% бештар мебошад.
Дар мавриди манбаи истеҳсоли барқ таъкид шудааст, ки нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ тайи январ - июли соли равон 11 млрду 697 млн кВт/соатро истеҳсол кардаанд.
Ин рақам беш аз 93,5%-и ҳаҷми умумии нерӯи барқ дар саросари кишварро ташкил медиҳад. Дар марказҳои барқу гармидиҳии ҷумҳурӣ тайи ҳафтмоҳа 1,1 млрд кВт/соат истеҳсол шудаст.
Дар зимн зикр шудаст, ки тавлиди гармӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла тайи ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ 675,8 ҳазор Гкал гармӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 наздики 6% камтар аст.
Нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2 ҳазор кВт/соат нерӯи барқро истеҳсол кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷиро афзоиш дода, дар 7 моҳи соли 2022 ба кишварҳои минтақа ба маблағи 64,5 млн доллар нерӯи барқ содир кардааст. Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 55 млн доллар буд.