Ифтитоҳи толори "UFC Gym" ва Академияи "Ювентус" дар Душанбе бо иштироки президент

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМужчина занимается спортом в фитнес-клубе
Мужчина занимается спортом в фитнес-клубе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Обуна шудан
Дар маҷмааи варзишии навбунёд дар Душанбе беш аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт 300 нафар имкони тамрин доранд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишию фароғатиро ба истифода дод, ки аз толори "UFC Gym" ва Академияи футболи “Ювентус” иборат аст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, маҷмааи варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои "55 Групп" Даврон Ҷӯраев бо харҷи зиёда аз 30 млн сомонӣ бунёд гардидаст.
Дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт дар ин иншооти варзишӣ барои машқу тамрини зиёда аз 300 нафар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҳишмандон метавонанд ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гуштини ҷудо, ҷиу-ҷитсуи бразилӣ, бокс, кикбоксинг, йога ва дучархаронӣ (сайклинг) машғул шаванд.
Сборная Таджикистана по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Ҳудуди 70%-и барномаҳои толори варзишӣ ба машқи бадан ва вазнпартоӣ равона гардидааст, омадаст дар иттилоия.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо шароит дар Академияи Ювентус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нахустин мактаби футболи касбии аврупоӣ барои кӯдакон ба ҳисоб меравад, шинос гардида, ба иқдоми муассис баҳои баланд доданд.
Тамрини кӯдакону наврасони синни 5 то 16-сола тибқи методологияи "Ювентус" бо таваҷҷӯҳ ба қобилияти тактикиву техникӣ, усули бозӣ, паҳлуҳои варзишӣ, равонӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи бозингарон равона мешавад.
Тибқи қарори роҳбарияти лоиҳа дар ҳар як гурӯҳ ду ҷой барои кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ҷудо шудаанд, ки бо тавсияи мураббиён ва гузаштан аз санҷиш ба тамринҳо ҷалб мешаванд, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0