https://sputnik.tj/20220912/mansabdoru-sohibkor-khatlon-turkiya-1051327529.html
Даҳҳо мансабдору соҳибкори Хатлон Туркия рафтанд
Даҳҳо мансабдору соҳибкори Хатлон Туркия рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи сафари ҳайати Хатлон ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Туркия арзёбӣ мешавад 12.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-12T09:46+0500
2022-09-12T09:46+0500
2022-09-12T15:07+0500
саноат
туркия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102524/64/1025246492_242:0:2758:1415_1920x0_80_0_0_61d381a35794d93026806d28b4c0974e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ҳайати беш аз 60- нафара аз вилояти Хатлон озими Туркия шуда, то 18 сентябр дар он ҷо қарор хоҳанд дошт, хабар дод "Ховар". Ба иттилои манбаъ, ҳайати мазкур аз мақомдорону соҳибкорон иборат буда, роҳбарии онро раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода ба уҳда дорад. Намояндагони Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли мебелу маҳсулоти ғизоӣ ва коркарди ашёи хоми гуногун дидан намуда, таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад."Дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса "Бизнес Форуми байниминтақавии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва минтақаҳои Туркия бо дарназардошти мулоқоти тиҷоратӣ дар шакли В2В" баргузор мешаванд", - омадааст дар иттилоия. Зикр шудааст, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Туркия 390,5 млн долларро ташкил дод. Ҷонибҳо азм доранд, ки ин нишондодро бештар кунанд. Дар солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллари ИМА сармояи туркӣ ворид шудаст, ки аз ин 124 млн доллари он сармояи мустақим мебошад.
https://sputnik.tj/20220827/tashkili-palatai-tijoratiu-sanoatii-tojikiston-turkiya-1050978794.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102524/64/1025246492_556:0:2443:1415_1920x0_80_0_0_a2cc3fca898bf7e78f06f845acd82f3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саноат, туркия, дар тоҷикистон
саноат, туркия, дар тоҷикистон
Даҳҳо мансабдору соҳибкори Хатлон Туркия рафтанд
09:46 12.09.2022 (Навсозишуда: 15:07 12.09.2022) Ҳадафи сафари ҳайати Хатлон ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Туркия арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ҳайати беш аз 60- нафара аз вилояти Хатлон озими Туркия шуда, то 18 сентябр дар он ҷо қарор хоҳанд дошт, хабар дод "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, ҳайати мазкур аз мақомдорону соҳибкорон иборат буда, роҳбарии онро раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода ба уҳда дорад.
Намояндагони Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли мебелу маҳсулоти ғизоӣ ва коркарди ашёи хоми гуногун дидан намуда, таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
"Дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса "Бизнес Форуми байниминтақавии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва минтақаҳои Туркия бо дарназардошти мулоқоти тиҷоратӣ дар шакли В2В" баргузор мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр шудааст, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Туркия 390,5 млн долларро ташкил дод. Ҷонибҳо азм доранд, ки ин нишондодро бештар кунанд.
Дар солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллари ИМА сармояи туркӣ ворид шудаст, ки аз ин 124 млн доллари он сармояи мустақим мебошад.