Ташкили палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон ва Туркия

© Adobe stock/OleksiiТурецкий и таджикский флаги
Турецкий и таджикский флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Обуна шудан
Душанбе ва Анкара ба хотири такони ҷиддӣ бахшидани рушди ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду кишвар Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон ва Туркияро ташкил доданд
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Созишномаи дахлдор дар ин бора миёни Тоҷикистону Туркия ахиран дар шаҳри Истанбул ба имзо расидааст, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Анкара.
Тибқи иттилои манба созишнома дар бораи ташкили палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон ва Туркия зимни вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо Президенти Иттиҳодияҳои Палатаҳо ва Биржаҳои молии Туркия Рифат Ҳисарҷиклиоглу, дар шаҳри Истанбул баргузор гардид, ба имзо расид.
Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Анқара баргузор шуда, зимни он ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва имкониятҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Ҳамзамон бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди ҳамкории иқтисодӣ дар ҳошияи вохӯрӣ ҷонибҳо Созишнома оид ба ташкили Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистону Туркия ба имзо расонданд”, қайд кардааст сафорати Тоҷикстон.
Ёдовар мешавм, ки Тоҷикистон додугирифтагшро бо кишварҳои мухталиф афзоиш дода, ҳаҷми гардиши савдои хориҷиашро аз аввали сол то ин дам ба беш аз 4,1 млрд доллар расонидааст.
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ дар ҳамоиши иқтисодии Кӯлоб
Шарикони асосии содиротии кишвар дар ҳафт моҳи ахир Қазоқистон, Чин, Туркия ва Ӯзбакистон будаанд.
Ҳаҷми воридот беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дода, 245,2 фоиз ё 559,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Содироти мол 1,3 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 1,9 фоиз ё 25,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0