https://sputnik.tj/20220912/hamkorii-shirkathoi-talko-tojikiston-azeralumini-ozarboyjon-1051334848.html
Баррасии ҳамкории ширкатҳои “ТАлКо”-и Тоҷикистон ва “Азералюминий”-и Озарбойҷон
Баррасии ҳамкории ширкатҳои “ТАлКо”-и Тоҷикистон ва “Азералюминий”-и Озарбойҷон
Sputnik Тоҷикистон
Рисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон масоили густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатиро баррасӣ намуданд
2022-09-12T15:02+0500
2022-09-12T15:02+0500
2022-09-12T19:37+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
ҳамкорӣ
густариш
равобит
эмомалӣ раҳмон
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0c/1051334674_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_e25cba60565fbdc1bc851c402189a0e8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Боку дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.Тибқи иттилои манбаъ, президенти кишвар зимни мулоқот таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ба рушди пай дар пайи ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти пайваста медиҳем.Инчунин қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ атрофи масоили густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои истихроҷ ва коркард, ҳамкории ширкатҳои “ТАлко”-и Тоҷикистон ва “Азералюминӣ”-и Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.Ҳамчунин тарафҳо таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Боку ва рушди туризм зарур донистанд.Зимни баррасии ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаи дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар бораи об дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, пуштибонии Тоҷикистон аз авлавияти раёсати Озарбойҷон дар “Ҳаракати адами тааҳҳуд”, дар бораи таъсиси Гурӯҳи тамос дар умури мубориза бо коронавирус ва дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳоди ташаббус оид ба баррасии дархости Озарбойҷон ҷиҳати дарёфти мақоми нозир дар ин созмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20220909/putin-rahmon-mardum-tojikiston-istiqlol-tabrik-1051283433.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0c/1051334674_360:349:2626:2048_1920x0_80_0_0_70dfbe6befc7cb0e125f9ac9befb2805.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, талко, мулоқот, эмомалӣ раҳмон, густариш, ҳамкорӣ, саноат
тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, талко, мулоқот, эмомалӣ раҳмон, густариш, ҳамкорӣ, саноат
Баррасии ҳамкории ширкатҳои “ТАлКо”-и Тоҷикистон ва “Азералюминий”-и Озарбойҷон
15:02 12.09.2022 (Навсозишуда: 19:37 12.09.2022) Рисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Боку дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, президенти кишвар зимни мулоқот таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ба рушди пай дар пайи ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти пайваста медиҳем.
“Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва қабули Нақшаи чорабиниҳои ҳамкории иқтисодӣ то соли 2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд”, - гуфт манбаъ.
Инчунин қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ атрофи масоили густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои истихроҷ ва коркард, ҳамкории ширкатҳои “ТАлко”-и Тоҷикистон ва “Азералюминӣ”-и Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин тарафҳо таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Боку ва рушди туризм зарур донистанд.
Зимни баррасии ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаи дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар бораи об дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, пуштибонии Тоҷикистон аз авлавияти раёсати Озарбойҷон дар “Ҳаракати адами тааҳҳуд”, дар бораи таъсиси Гурӯҳи тамос дар умури мубориза бо коронавирус ва дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳоди ташаббус оид ба баррасии дархости Озарбойҷон ҷиҳати дарёфти мақоми нозир дар ин созмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.