Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Обуна шудан
Раҳбари Русия дар паёми шодбошии худ ба дастовардҳои Душанбе дар замони истиқлол ва равобити дӯстонаи дуҷониба бо Маскав ишора кардааст
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон барқияи шодбошӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
Дар ин паём сарвари Русия табрикоти самимӣ расонида, ҳамчунин аз муваффақиятҳои Душанбе дар 31 соли ахир ёдовар шудааст.
"Кишвари шумо дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳими созанда дорад", — омадааст дар хабар.
Путин ҳамчунин ба рушди босуръати равобити Русия ва Тоҷикистон ҳамчун муттаҳидон ва шарикони стратегӣ таваҷҷӯҳ кард.
Эмомали Рахмон в ходе совещания в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Шодбошию ҳушдори Раҳмон дар 31-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон
Сарвари Кремл нақши калидии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаро таъкид кардааст.
"Ман итминон дорам, ки мо ҳамкориҳои пурсамари Русия ва Тоҷикистонро дар оянда ҳам ба нафъи халқҳои дӯстамон, ба манфиати таъмини сулҳу амният ва субот дар Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод", - омадааст дар паём.
Раисиҷумҳури Русия дар охир ба Раҳмон саломатӣ ва комёбӣ ва ба мардуми тоҷик хушбахтиву шукуфоӣ таманно кард.
Лентаи хабарҳо
0