https://sputnik.tj/20220910/reshetnikov-tojikiston-iqtisod-1051309212.html
Решетников: Тоҷикистон имрӯз як кишвари аслии дорои иқтисоди рушдёбанда аст
Решетников: Тоҷикистон имрӯз як кишвари аслии дорои иқтисоди рушдёбанда аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рус ҷумҳуриро бо 31-умин солгарди Рӯзи истиқлолият табрик гуфта, ба дастовардҳои он ёдовар шуда, равобит бо Маскавро арзёбӣ кард
2022-09-10T16:55+0500
2022-09-10T16:55+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
максим решетнинков
ҳамкорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032789112_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a1710432adb6b9b899c6a37f44d365bd.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тоҷикистон имрӯз як кишвари зебову асил бо иқтисоди рушдёбанда, шарики боэътимод ва ҳампаймони Русия мебошад. Дар ин бора зимни як чорабинӣ дар сафорати ҷумҳурӣ дар Маскав, ки ба муносибати Рӯзи истиқлолият бахшида шуда буд, гуфт роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников. Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, Маскав барои рушди як қатор бахшҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, энержӣ ва зербиноӣ дар Тоҷикистон аллакай ҳудуди 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Решетников қайд кард, ки барои вусъат додани робитаҳо дар сатҳи олӣ кор давом дорад: ҳукуматҳо ва ҳамаи вазоратҳои дахлдор дар гуфтушунид қарор доранд. Минтақаҳои Русия низ ба рӯзнома ворид шудаанд ва 60-тои онҳо бо шарикони тоҷик фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Раҳбари Вазорати рушди иқтисод ёдовар шуд, ки дар ояндаи наздик нахустин ҳамоиши сармоягузории "Русия – Тоҷикистон" баргузор мешавад, ки дар он шумори соҳибкорони ҷалбшуда аз Федератсияи Русия метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.
https://sputnik.tj/20220910/vazir-tojik-tavajjuh-ziyod-shirkatho-rus-tojikiston-guft-1051306906.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032789112_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_ae5d27102f047ff324c6a51e7762d041.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
решетников тоҷикистон иқтисод рушдёбанда
решетников тоҷикистон иқтисод рушдёбанда
Решетников: Тоҷикистон имрӯз як кишвари аслии дорои иқтисоди рушдёбанда аст
16:55 10.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Вазири рус ҷумҳуриро бо 31-умин солгарди истиқлолаш табрик гуфта, аз дастовардҳои он ёдовар шуда, равобит бо Маскавро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тоҷикистон имрӯз як кишвари зебову асил бо иқтисоди рушдёбанда, шарики боэътимод ва ҳампаймони Русия мебошад.
Дар ин бора зимни як чорабинӣ дар сафорати ҷумҳурӣ дар Маскав, ки ба муносибати Рӯзи истиқлолият бахшида шуда буд, гуфт роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников.
"Зиёда аз 30 сол аст, ки мо паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бӯҳронҳоро якҷоя паси сар карда, лоиҳаҳои нави сармоягузориро амалӣ менамоем ва ҳамкориҳои иқтисодиро густариш медиҳем", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, Маскав барои рушди як қатор бахшҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, энержӣ ва зербиноӣ дар Тоҷикистон аллакай ҳудуди 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
Решетников қайд кард, ки барои вусъат додани робитаҳо дар сатҳи олӣ кор давом дорад: ҳукуматҳо ва ҳамаи вазоратҳои дахлдор дар гуфтушунид қарор доранд.
Минтақаҳои Русия низ ба рӯзнома ворид шудаанд ва 60-тои онҳо бо шарикони тоҷик фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
Раҳбари Вазорати рушди иқтисод ёдовар шуд, ки дар ояндаи наздик нахустин ҳамоиши сармоягузории "Русия – Тоҷикистон" баргузор мешавад, ки дар он шумори соҳибкорони ҷалбшуда аз Федератсияи Русия метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.