https://sputnik.tj/20220911/suhbat-putinu-makron-nerugoh-hastai-kiev-1051321012.html
Суҳбати Путину Макрон: ҳушдор аз хатари тирборони нерӯгоҳи ҳастаӣ ва талаби фишор ба Киев
Суҳбати Путину Макрон: ҳушдор аз хатари тирборони нерӯгоҳи ҳастаӣ ва талаби фишор ба Киев
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Русия ва Фаронса аз вазъи нерӯгоҳи ҳастаии Запароже то оташкушоии низоми Киев сӯи инфрасохтори мулкӣ дар Донбассро баррасӣ кардаанд 11.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-11T20:51+0500
2022-09-11T20:51+0500
2022-09-12T16:15+0500
дар русия
сиёсат
владимир путин
эммануэл макрон
суҳбат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/42/1023944290_0:0:3100:1745_1920x0_80_0_0_cba279422fe4f455ac5f8f797c45ded5.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазъ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запароже аз мавзуъҳои марказии суҳбати телефонии президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои фаронсавияш Эммануэл Макрон буд, хабар дод Кремл. Ба иттилои манбаъ, раҳбари Русия дар бораи чораҳои андешидаи мутахассисон ҷиҳати таъмини амнияти нерӯгоҳ маълумот дод. Дар ҳамин ҳол, ӯ ба тирборони пайваста дар ин минтақа аз сӯи низомиёни Украина ишора карда, бар зарурати фишор болои мақомоти Киев таъкид кардааст. "Аз ҷониби Русия таваҷҷӯҳ ба ҳамлаҳои пайвастаи украинӣ ба иншооти нерӯгоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла як анбори партовҳои радиоактивӣ ҷалб шуд, ки оқибатҳои фалокатбор дорад", - омадааст дар иттилоия. Президентҳо омодагии мутақобилан барои ҳамкорӣ дар нерӯгоҳи Запароже бе ангезаҳои сиёсӣ бо иштироки МАГАТЭ-ро баён доштаанд. Ҳамчунин Путин таваҷҷуҳи Макронро ба он ҷалб кард, ки Украина ҳадафмандона инфрасохтори ғайринизомии Донбассро бо кумаки аслиҳаи ғарбӣ тирборон мекунад, ки аз ин мардуми осоишта осеб мебинанд. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро оид ба масъалаҳои мазкур дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи вазирон идома диҳанд. Нерӯгоҳи Запороже дар соҳили чапи Днепр дар наздикии Энергодар вокеъ буда, аз нигоҳи теъдоди блокҳо ва иқтидор калонтарин истгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо мебошад.
https://sputnik.tj/20220911/lavrov-maskav-muzokirot-kiev-1051319382.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/42/1023944290_369:0:3100:2048_1920x0_80_0_0_62adf320f993a46e3fdb405e4927db04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, сиёсат , владимир путин, эммануэл макрон, суҳбат, украина
дар русия, сиёсат , владимир путин, эммануэл макрон, суҳбат, украина
Суҳбати Путину Макрон: ҳушдор аз хатари тирборони нерӯгоҳи ҳастаӣ ва талаби фишор ба Киев
20:51 11.09.2022 (Навсозишуда: 16:15 12.09.2022) Роҳбарони Русия ва Фаронса аз вазъи нерӯгоҳи ҳастаии Запароже то оташкушоии низоми Киев сӯи инфрасохтори мулкӣ дар Донбассро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазъ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запароже аз мавзуъҳои марказии суҳбати телефонии президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои фаронсавияш Эммануэл Макрон буд, хабар дод Кремл.
Ба иттилои манбаъ, раҳбари Русия дар бораи чораҳои андешидаи мутахассисон ҷиҳати таъмини амнияти нерӯгоҳ маълумот дод.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ба тирборони пайваста дар ин минтақа аз сӯи низомиёни Украина ишора карда, бар зарурати фишор болои мақомоти Киев таъкид кардааст.
"Аз ҷониби Русия таваҷҷӯҳ ба ҳамлаҳои пайвастаи украинӣ ба иншооти нерӯгоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла як анбори партовҳои радиоактивӣ ҷалб шуд, ки оқибатҳои фалокатбор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Президентҳо омодагии мутақобилан барои ҳамкорӣ дар нерӯгоҳи Запароже бе ангезаҳои сиёсӣ бо иштироки МАГАТЭ-ро баён доштаанд.
Ҳамчунин Путин таваҷҷуҳи Макронро ба он ҷалб кард, ки Украина ҳадафмандона инфрасохтори ғайринизомии Донбассро бо кумаки аслиҳаи ғарбӣ тирборон мекунад, ки аз ин мардуми осоишта осеб мебинанд.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро оид ба масъалаҳои мазкур дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи вазирон идома диҳанд.
Нерӯгоҳи Запороже дар соҳили чапи Днепр дар наздикии Энергодар вокеъ буда, аз нигоҳи теъдоди блокҳо ва иқтидор калонтарин истгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо мебошад.