https://sputnik.tj/20220911/lavrov-maskav-muzokirot-kiev-1051319382.html
Лавров: Маскав музокирот бо Киевро рад накардааст
Лавров: Маскав музокирот бо Киевро рад накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар қадаре музокирот миёни Маскав ва Киев таъхир ёбанд, ҳамон қадар ҳосил шудани ҳусни тафоҳум миёни ҷонибҳо мушкилтар хоҳанд шуд
2022-09-11T19:53+0500
2022-09-11T19:53+0500
2022-09-12T16:16+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сергей лавров
музокирот
киев
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048749827_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_3901cf006ec7ff7e1efada0ea7dc14d8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Маскав музокирот бо Киевро рад накардааст, аммо таъхири он мушкилзо хоҳад буд, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия зимни суҳбат аз тариқи шабакаи "Россия-1". Ӯ таъкид намуд, ки Маскав медонад, чӣ тавр ба ҳадафҳои гузоштааш расад. Лавров қаблан изҳор дошт, ки Маскав нимаи моҳи апрел ба ҷониби Украина бо назардошти усулу мантиқҳои пешниҳодкардаи Киев ба онҳо санад пешниҳод намуд. Аммо аз он замон инҷониб ҳеч садое аз онҳо шунида намешавад, гуфт ӯ. Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20220911/rusiya-talafot-ukraina-ruz-1051318876.html
киев
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048749827_130:0:2861:2048_1920x0_80_0_0_0ffc96de8d63bcd4e9fb1eeac9bd755f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, сергей лавров, музокирот, киев, маскав
дар русия, сергей лавров, музокирот, киев, маскав
Лавров: Маскав музокирот бо Киевро рад накардааст
19:53 11.09.2022 (Навсозишуда: 16:16 12.09.2022) Ҳар қадаре музокирот миёни Маскав ва Киев таъхир ёбад, ҳамон қадар ҳосил шудани ҳусни тафоҳум миёни ҷонибҳо мушкилтар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Маскав музокирот бо Киевро рад накардааст, аммо таъхири он мушкилзо хоҳад буд, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия зимни суҳбат аз тариқи шабакаи "Россия-1".
"Онҳое, ки рад мекунанд, бояд донанд, ки ҳар қадаре онҳо ба дарозо мекашанд, ҳамон қадар ёфтани забон мушкилтар мешавад", - гуфт Лавров.
Ӯ таъкид намуд, ки Маскав медонад, чӣ тавр ба ҳадафҳои гузоштааш расад.
Лавров қаблан изҳор дошт, ки Маскав нимаи моҳи апрел ба ҷониби Украина бо назардошти усулу мантиқҳои пешниҳодкардаи Киев ба онҳо санад пешниҳод намуд. Аммо аз он замон инҷониб ҳеч садое аз онҳо шунида намешавад, гуфт ӯ.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.