Вазири тоҷик аз таваҷҷуҳи зиёди ширкатҳои русӣ дар шароити таҳрим ба Тоҷикистон гуфт

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
Обуна шудан
Дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳи ширкатҳои русӣ барои ворид шудан ба бозорҳои Тоҷикистон хеле зиёд аст, ки он барои рушди иқтисоди дуҷониба созгор аст
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар шароити таҳримӣ таваҷҷуҳи ширкатҳои русӣ ба бозорҳои Тоҷикистон афзудааст.
Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни як суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфаи равобити иқтисоди кишварҳо анъанавӣ аст ва ҳоло тамоми муносиботе, ки дар гузашта миёни корхонаҳо буда, қариб пурра барқарор шудаанд.
"Тибқи санади имзошуда миёни вазоратҳои марбутаи Тоҷикистону Русия, ки мо харитаи роҳ дорем ва бар асоси он тамоми равобите, ки дар замони Шӯравӣ миёни корхонаҳо буданд, дигарбора қариб онро пурра эҳё кардем, ки ба иқтисоди кишварҳоямон нафъи худашро медиҳад", - афзуд ӯ.
Ӯ гуфт, Тоҷикистон ва Русия барои рушди ҳамкориҳо заминаҳои зиёд доранд ва агар аз он кор гирифта шавад, ҷонибҳо боз фоида бештар мебинанд.
Оқои Кабиров гуфт, дар дидорҳое, ки бо ҷониби Русия доштанд, ширкатҳои бузурги он кишвар таваҷҷуҳ ба бахши саноати Тоҷикистон доранд, ки бо ворид шудани онҳо ҳамкориҳо боз қавитар мешавад.
Евгений Коренков торговый представитель РФ в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Аз пахта ба IT ё чӣ тавр тиҷорати Русияву Тоҷикистон тағйир меёбад
Ёдовар мешавем, ки қаблан Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ки афзоиши вуруди корхонаҳои русӣ ба кишвар дар соли ҷорӣ зиёд ба назар мерасад
"Агар дар бораи рақамҳои мушаххас сухан гӯем, соли гузашта дар кишвар каме камтар аз 300 ширкат фаъолият мекард ва имрӯз ба беш аз 330 адад расидааст.
Ба гуфтаи ӯ дар маҷмӯъ, Намояндагии тиҷоратӣ дар як сол пайваста беш аз 600 дархост барои кӯмак аз соҳибкорони Русияро қабул кардааст.
Лентаи хабарҳо
0