https://sputnik.tj/20220909/rusiya-kishvarho-niyozmand-ghalla-1051300656.html
Омодагии Русия барои содироти 50 млн тонна ғалла: бештараш ба кишварҳои фақир меравад
Омодагии Русия барои содироти 50 млн тонна ғалла: бештараш ба кишварҳои фақир меравад
Sputnik Тоҷикистон
Бо назардошти ҳосили фаровони соли ҷорӣ Федератсияи Русия ният дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ беш аз 50 тонна ғалладонагӣ содир намояд
2022-09-09T19:15+0500
2022-09-09T19:15+0500
2023-02-08T19:45+0500
содирот
ғалла
иқтисод
барои ниёзмандон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/35/1013643546_0:57:3000:1745_1920x0_80_0_0_e148b0c9cbb9c75fe24b47c6072601bb.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Русия ният дорад, то охири сол ба кишварҳои ниёзманд 30 миллион тонна ғалла бирасонад ва интиқоли ғалла ба ин гуна кишварҳоро афзоиш медиҳад. Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар зимни ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия изҳор дошт.Мувофиқи маълумоти президент, дар моҳҳои май—августи соли ҷорй Россия ба бозорҳои ҷаҳон 6,6 миллион тонна ғалла дод, ки 6,3 миллион тоннааш ба мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Америкои Лотинӣ фиристода шуд.Маврид ба зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури Русия фиребкории кишварҳои ғарбиро дар мавриди ғаллаи Украина ошкор карда гуфт, бо чунин бархӯрд буҳрони ғизоӣ шадидтар мешавад.Ахиран тибқи шартномаи сеҷониба бо ҳузури Русия СММ ва Туркия аз бандарҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ ду миллион тонна гардум баромад, ки мебоист ба кишварҳои фақиру рӯ ба рушд мерафт, аммо ба онҳо ҳамагӣ 3% расид.Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Путин маҳз барои таъмини кишварҳои нодор созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуда буд. Раисҷумҳури Русия гуфт, ба шарикони африқоӣ дар масъалаи таъминот бо ғалла мусоидаташро ваъда карда буду созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуд.Аммо ба гуфтаи ӯ, феълан қариб ҳамаи ғаллаи содиршударо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гирифта истодаанд.Ҳамагӣ 2 киштӣ аз 87 киштии ҳомили ғалла, яъне ҳамагӣ 60 ҳазор тон аз 2 млн тон тавассути Барномаи озуқаи СММ ба кишварҳои рӯй ба рушд равона шудааст, ки ҳамагӣ 3%-и маҷмӯи умумии содиршударо ташкил медиҳад.Путин гуфт, кишварҳои ғарбӣ чун мустамликадорон амал мекарданд, ҳамоно давом дода истодаанду бори дигар кишварҳои рӯй ба рушдро фиреб доданд.Вай ҳушдор дод, ки бо чунин бархӯрд масъалаи буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шадидтар хоҳад шуд."Фиреб доданд, на танҳо моро. Гап сари мо нест. Ин фиреби ҷомеаи ҷаҳонист, фиреби шарикон аз Африқо ва дигар кишварҳо, ки шадидан ниёз ба ғизо доранд. Муносибати густохона ба шариконе, ки барояшон гӯиё ин ҳама амалӣ шуда буд".Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, масъалаи мазкурро бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки якҷо ин масъаларо баррасӣ карда буданд, ба миён хоҳад гузошт.Путин зикр намуд, ки агар соли 2019 ба иттилои СММ 135 млн нафар аз камбуди ғизо ранҷ мекашиданд, феълан ин теъдод 2,5 баробар зиёд шуда ба 345 млн нафар расидааст.
https://sputnik.tj/20220812/ghalla-ukraina-kujo-meravad-1050679007.html
https://sputnik.tj/20220726/gharb-jahon-gurusnagi-gandum-ukraina-1050286893.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/35/1013643546_323:0:3000:2008_1920x0_80_0_0_45004d74b49fe8caf8902f6ff8993126.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия содироти ғалла кишварҳ фақир
русия содироти ғалла кишварҳ фақир
Омодагии Русия барои содироти 50 млн тонна ғалла: бештараш ба кишварҳои фақир меравад
19:15 09.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Бо назардошти ҳосили фаровони соли ҷорӣ Федератсияи Русия ният дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ беш аз 50 тонна ғалладонагӣ содир намояд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Русия ният дорад, то охири сол ба кишварҳои ниёзманд 30 миллион тонна ғалла бирасонад ва интиқоли ғалла ба ин гуна кишварҳоро афзоиш медиҳад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар зимни ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия изҳор дошт.
"Мо зиёд кардани содироти маҳсулот ба мамлакатхои камбизоатро дуруст мешуморем... Умуман, то охири сол 30 миллион тонна ғалла медиҳем ва тайёрем, ки ин хаҷмро ба 50 миллион тонна ва аз ин хам зиёд расонем, зеро шукри Худо, мо имсол ҳосили хуб дорем”, - гуфт Путин.
Мувофиқи маълумоти президент, дар моҳҳои май—августи соли ҷорй Россия ба бозорҳои ҷаҳон 6,6 миллион тонна ғалла дод, ки 6,3 миллион тоннааш ба мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Америкои Лотинӣ фиристода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури Русия фиребкории кишварҳои ғарбиро дар мавриди ғаллаи Украина ошкор карда гуфт, бо чунин бархӯрд буҳрони ғизоӣ шадидтар мешавад.
Ахиран тибқи шартномаи сеҷониба бо ҳузури Русия СММ ва Туркия аз бандарҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ ду миллион тонна гардум баромад, ки мебоист ба кишварҳои фақиру рӯ ба рушд мерафт, аммо ба онҳо ҳамагӣ 3% расид.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Путин маҳз барои таъмини кишварҳои нодор созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуда буд. Раисҷумҳури Русия гуфт, ба шарикони африқоӣ дар масъалаи таъминот бо ғалла мусоидаташро ваъда карда буду созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, феълан қариб ҳамаи ғаллаи содиршударо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гирифта истодаанд.
Ҳамагӣ 2 киштӣ аз 87 киштии ҳомили ғалла, яъне ҳамагӣ 60 ҳазор тон аз 2 млн тон тавассути Барномаи озуқаи СММ ба кишварҳои рӯй ба рушд равона шудааст, ки ҳамагӣ 3%-и маҷмӯи умумии содиршударо ташкил медиҳад.
Путин гуфт, кишварҳои ғарбӣ чун мустамликадорон амал мекарданд, ҳамоно давом дода истодаанду бори дигар кишварҳои рӯй ба рушдро фиреб доданд.
Вай ҳушдор дод, ки бо чунин бархӯрд масъалаи буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шадидтар хоҳад шуд.
"Фиреб доданд, на танҳо моро. Гап сари мо нест. Ин фиреби ҷомеаи ҷаҳонист, фиреби шарикон аз Африқо ва дигар кишварҳо, ки шадидан ниёз ба ғизо доранд. Муносибати густохона ба шариконе, ки барояшон гӯиё ин ҳама амалӣ шуда буд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, масъалаи мазкурро бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки якҷо ин масъаларо баррасӣ карда буданд, ба миён хоҳад гузошт.
Путин зикр намуд, ки агар соли 2019 ба иттилои СММ 135 млн нафар аз камбуди ғизо ранҷ мекашиданд, феълан ин теъдод 2,5 баробар зиёд шуда ба 345 млн нафар расидааст.