https://sputnik.tj/20220909/nato-ehtimoli-nobudshavi-ukraina-davlat-mustaqil-1051294845.html
НАТО эҳтимоли нобудшавии Украинаро ҳамчун давлати мустақил тахмин зад
НАТО эҳтимоли нобудшавии Украинаро ҳамчун давлати мустақил тахмин зад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ахиран дар як нишасте гуфтааст, ки имкон дорад Украина ҳамчун давлати мустақил дигар вуҷуд нахоҳад дошт
2022-09-09T18:05+0500
2022-09-09T18:05+0500
2022-09-09T19:31+0500
дар русия
украина
дар ҷаҳон
нато
нобудшавӣ
истиқлолият
мустақилият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102517/54/1025175413_0:80:3357:1968_1920x0_80_0_0_d668e6827bd8e12a69bd9676b04f6c4a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО иддао дорад, ки агар Украина ҷангро бас кунад, ин кишвар дигар наметавона ҳамчун як ҷумҳурии мустақил арзи ҳастӣ намояд, иттилоъ додааст РИА “Новости”."Агар Русия амалиёти ҷангиро бас кунад, сулҳ фаро мерасад, агар Украина бас кунад, мавҷудияти он ҳамчун як кишвари мустақил зери суол хоҳад рафт", - гуфт дабири кулли НАТО дар нишасти хабарии муштарак дар Брюссел бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен.Ёдовар мешавем, ки кишварҳои узви НАТО ба таври ошкоро аз Украина ҳимоят кард ва ба ҳукумати ин кишвар кумакҳои низомӣ мерасонад. То ба ҳол, ба артиши Украина системҳои мушакӣ ва тупхонаҳои муоссир дастрас намудааст.Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220823/dabiri-nato-gharb-neruhoi-ziddi-tolibon-himoyat-1050887742.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102517/54/1025175413_312:0:3043:2048_1920x0_80_0_0_a6d1711b72bd90b5efddb2d3320ef85a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, нато, дабири кулли нато, мустақил, тамомият, нобудшавӣ, эҳтимол
украина, русия, нато, дабири кулли нато, мустақил, тамомият, нобудшавӣ, эҳтимол
НАТО эҳтимоли нобудшавии Украинаро ҳамчун давлати мустақил тахмин зад
18:05 09.09.2022 (Навсозишуда: 19:31 09.09.2022) Дабири кулли НАТО ахиран дар як нишасте гуфтааст, ки имкон дорад, Украина ҳамчун давлати мустақил дигар арзи вуҷуд накунад
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО иддао дорад, ки агар Украина ҷангро бас кунад, ин кишвар дигар наметавона ҳамчун як ҷумҳурии мустақил арзи ҳастӣ намояд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Агар Русия амалиёти ҷангиро бас кунад, сулҳ фаро мерасад, агар Украина бас кунад, мавҷудияти он ҳамчун як кишвари мустақил зери суол хоҳад рафт", - гуфт дабири кулли НАТО дар нишасти хабарии муштарак дар Брюссел бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен.
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои узви НАТО ба таври ошкоро аз Украина ҳимоят кард ва ба ҳукумати ин кишвар кумакҳои низомӣ мерасонад. То ба ҳол, ба артиши Украина системҳои мушакӣ ва тупхонаҳои муоссир дастрас намудааст.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.