https://sputnik.tj/20220823/dabiri-nato-gharb-neruhoi-ziddi-tolibon-himoyat-1050887742.html
Дабири собиқи НАТО: Ғарб бояд аз нерӯҳои зидди толибон ҳимоят кунад
Дабири собиқи НАТО: Ғарб бояд аз нерӯҳои зидди толибон ҳимоят кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири пешини НАТО мегӯяд, сарони ҳукуматҳои ғарбӣ бояд аз касоне, ки ҳоло алайҳи толибон дар Афғонистон меҷанганд, бояд ҳимоят кунанд
2022-08-23T15:07+0500
2022-08-23T15:07+0500
2022-08-29T12:12+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
нато
ҳимоят
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
дастгирӣ
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102100/88/1021008883_0:0:2200:1239_1920x0_80_0_0_4cd165e0a54480d0a2fb575e9842985e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Расмуссен бо бознашри мақолае аз Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки ин як мақолаи муҳим дар мавриди муборизаи ҷабҳаи муқовимат барои тарсими як ояндаи мутафовит барои Афғонистон аст.Мақолаи Алӣ Майсам Назарӣ ахиран дар маҷалаи “Форин полисӣ” нашр шуда буд.Расмусон ахиран дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст: "Ҳукуматҳо ғарбӣ бояд ҳимояташанро аз касоне, ки дар баробари ҳокимияти ваҳшиёна ва саркубгар толибон истодагӣ мекунанд, афзоиш диҳанд". Фог Расмуссен, дабири кулли пешини НАТО аз ҳукуматҳои ғарбӣ хост, то аз муқовимат ва касоне, ки дар баробари ҳокимияти толибон меҷанганд, пуштибонӣ кунанд.Дар он мақолаи Назарӣ аз ҷомеаи байналмилал хоста буд то аз истодагии ҷабҳаи муқовимат дар баробари толибон ҳимоят кунанд.Назарӣ дар ин мақола навишт, ки ҷабҳаи муқовимат барои муқобила бо толибони ниёз ба ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ дорад.Ӯ бо ишора ба ин, ки мухотироти даргириҳои ҷорӣ бештар аз мухотироти як ҷанг дохилӣ аст гуфт, ки толибон ба гурӯҳҳои террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ иҷоза дода аст, то дар Афғонистон пойгоҳ эҷод кунанд.Ба гуфта Назарӣ, ҳазорон ҷангҷӯи хориҷӣ аз ховари миёна, Осиёи ҷанӯбӣ ва Осиёи марказӣ дар саросари Афғонистони таҳти ҳимояти толибон зиндагӣ мекунанд.Ин ситезаҷӯён бо силоҳҳо ва таҷҳизоти Низомӣ баҷомондаи НАТО ва Амрико дар Афғонистон мусаллаҳ шудаанд ва на танҳо суботи Афғонистон, балки суботи минтақаро таҳдид мекунанд.Тоҷикистон дар размоиши байналмилалии фармондеҳии стратегии "Шарқ-2022" ширкат мекунад.Он аз 1 то 7 сентябр бо ҷалби ҳудуди 50 ҳазор низомӣ, 5 ҳазор аслиҳа ва техника, аз ҷумла 140 ҳавопаймо ва 60 киштии ҷангию ёрирасон кор бурда хоҳанд шуд.Ба иттилои Вазорати дифои Русия, размоишҳо дар 7 тамрингоҳи Русия, инчунин дар қаламравҳои обӣ ва минтақаҳои соҳилии баҳри Охотск ва баҳри Ҷопон баргузор мешаванд.Ба он Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаос, Никарагуа, Русия, Сурия ва Тоҷикистон ҷалб шудаанд
https://sputnik.tj/20220821/afghoniston-gurjiston-ima-rusiya-mutavajjeh-video-1050855419.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102100/88/1021008883_118:0:2074:1467_1920x0_80_0_0_51130737dbd1ad49fbe580c7319be409.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарб, афғонистон, ҷабҳа, муқовимат, дастгирӣ, толибон, ҷанг, ҳимоят, нато
ғарб, афғонистон, ҷабҳа, муқовимат, дастгирӣ, толибон, ҷанг, ҳимоят, нато
Дабири собиқи НАТО: Ғарб бояд аз нерӯҳои зидди толибон ҳимоят кунад
15:07 23.08.2022 (Навсозишуда: 12:12 29.08.2022) Дабири пешини НАТО мегӯяд, сарони ҳукуматҳои ғарбӣ бояд аз касоне, ки ҳоло алайҳи толибон дар Афғонистон меҷанганд, ҳимоят кунанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Расмуссен бо бознашри мақолае аз Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки ин як мақолаи муҳим дар мавриди муборизаи ҷабҳаи муқовимат барои тарсими як ояндаи мутафовит барои Афғонистон аст.
Мақолаи Алӣ Майсам Назарӣ ахиран дар маҷалаи “Форин полисӣ” нашр шуда буд.
Расмусон ахиран дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст: "Ҳукуматҳо ғарбӣ бояд ҳимояташанро аз касоне, ки дар баробари ҳокимияти ваҳшиёна ва саркубгар толибон истодагӣ мекунанд, афзоиш диҳанд".
"Ҷаҳон наметавонад Афғонистонро фаромӯш кунад", - навиштааст ӯ.
Фог Расмуссен, дабири кулли пешини НАТО аз ҳукуматҳои ғарбӣ хост, то аз муқовимат ва касоне, ки дар баробари ҳокимияти толибон меҷанганд, пуштибонӣ кунанд.
Дар он мақолаи Назарӣ аз ҷомеаи байналмилал хоста буд то аз истодагии ҷабҳаи муқовимат дар баробари толибон ҳимоят кунанд.
Назарӣ дар ин мақола навишт, ки ҷабҳаи муқовимат барои муқобила бо толибони ниёз ба ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ дорад.
Ӯ бо ишора ба ин, ки мухотироти даргириҳои ҷорӣ бештар аз мухотироти як ҷанг дохилӣ аст гуфт, ки толибон ба гурӯҳҳои террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ иҷоза дода аст, то дар Афғонистон пойгоҳ эҷод кунанд.
Ба гуфта Назарӣ, ҳазорон ҷангҷӯи хориҷӣ аз ховари миёна, Осиёи ҷанӯбӣ ва Осиёи марказӣ дар саросари Афғонистони таҳти ҳимояти толибон зиндагӣ мекунанд.
Ин ситезаҷӯён бо силоҳҳо ва таҷҳизоти Низомӣ баҷомондаи НАТО ва Амрико дар Афғонистон мусаллаҳ шудаанд ва на танҳо суботи Афғонистон, балки суботи минтақаро таҳдид мекунанд.
Тоҷикистон дар размоиши байналмилалии фармондеҳии стратегии "Шарқ-2022" ширкат мекунад.
Он аз 1 то 7 сентябр бо ҷалби ҳудуди 50 ҳазор низомӣ, 5 ҳазор аслиҳа ва техника, аз ҷумла 140 ҳавопаймо ва 60 киштии ҷангию ёрирасон кор бурда хоҳанд шуд.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, размоишҳо дар 7 тамрингоҳи Русия, инчунин дар қаламравҳои обӣ ва минтақаҳои соҳилии баҳри Охотск ва баҳри Ҷопон баргузор мешаванд.
Ба он Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаос, Никарагуа, Русия, Сурия ва Тоҷикистон ҷалб шудаанд