Топ – 10 маҳсулоти содиротии Тоҷикистон

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкЗолотые слитки, архивное фото
Золотые слитки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Агентии содироти Тоҷикистон аз афзоиши содироти маҳсулот хабар дода гуфт, кадом давлатҳо асосан маҳсулоти кишварро харидорӣ мекунанд ва ба чӣ қимат
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2022 ҷумҳурӣ ба маблағи 1215,2 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содир кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион доллар ё 0,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Қисмати умдаи содирот ба саноат ва барқ рост мегирад, ки 1 миллиарду 180,3 миллион долларро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 27 миллиону 727,5 ҳазор доллар ҳисоб шудааст.
Дар ин матлаб даҳгонаи маҳсулоти содиротӣ ва кишварҳое, ки Тоҷикистон ба онҳо тиҷорат мекунад, муаррифӣ мешаванд. Даҳгона бар асоси нишондодҳои ним соли аввали соли 2022 ва муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 тартиб шудааст.

Саноат

Даҳгонаи маҳсулоти содиротии саноатӣ бо консентратиҳо оғоз мешавад, ки тайи ним соли гузашта дар ҳаҷми ҳазор тон (143% бештар (+) аз соли гузашта) ва маблағи 326, 5 миллион доллар (+102%) содир шудаааст. Ҳиссаи консентратҳо дар содироти Тоҷикистон беш аз 30% аст.
Дар мақоми дувум метали 1 ё тило қарор дорад, ки ба маблағи 406 миллион доллар (43% камтар (-) аз ҳамин давраи соли гузашта) содир шудааст, аммо ҳаҷми содирот мушаххас нест.
Саҳми “метали 1” дар содироти Тоҷикистон бо вуҷуди коҳиш ёфтанаш, беш аз 35% аст.
Дар мақоми сеюм нахи пахта бо содироти 198 ҳазор тон (+60,1) ва маблағи 127,4 миллион доллар (+71,5%) меистад, ки ҳудуди 10% дар ҳаҷми умумии содирот саҳм дорад.
Алюминийи аввалия дар мақоми чорум меистад. Ин маҳсулоти саноатӣ, ки солҳои пеш дар садри ҷадвали содирот буд, тайи ним соли гузашта 28,7 ҳазор тон (-3,5%) ва ба маблағи 88 миллион доллар (+21%) содир шудааст. Саҳмаш дар содирот 8% аст.
Сурма дар мақоми панҷум аст. Тайи ним соли гузашта 4, 7 ҳазор тон (+5%) ва ба маблағи 55,5 миллион доллар (+50%) содир шуда, саҳмаш дар содироти Тоҷикистон ба 5% баробар аст.
Нерӯи барқ дар содироти Тоҷикистон дар мақоми шашум ҷойгир шуда, 1, 4 миллиард киловат-соат (+5%) ва ба маблағи 44,8 миллион доллар (+20,4%) содир шудааст. Саҳмаш дар содирот 4% аст.
Глава Агентства по экспорту Таджикистана Шавкат Бобозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Тоҷикистон ба бозори хориҷӣ маҳсулоти нав содирот кард
Риштаи пахта мақоми ҳафтумро мегирад. Он дар ҳаҷми 6,8 ҳазор тон (-47%) содир шуда, маблағи 28 миллион доллар (-13%) – ро ба Тоҷикистон овардааст. Саҳмаш дар содирот 2,5% аст.
Семент дар мақоми ҳаштум ҷой дорад, ки тайи ним соли гузашта 677,1 ҳазор тон (+10%) содир шуда, ба маблағи 20,8 миллион доллар (-23) фурӯхта шудааст. Саҳмаш дар содирот – 2%.
Маҳсулоти дӯзандагӣ, ба истиснои ҷӯробҳо, дар мақоми нуҳӯм қарор дорад. Содироти он тайи ним соли гузашта 1,1 ҳазор тон (+86%) ва ба маблағи 11,9 миллион доллар (32% бештар) будааст. Саҳмаш дар содирот – 1%.
Даҳгонаи маҳсулоти содиротии саноати Тоҷикистон бо ангишт ба охир мерасад, ки натиҷаҳои рекордӣ доштааст. Тайи ним соли гузашта ангишт 278,2 ҳазор тон (+1010%) ва ба маблағи 278,2 миллион доллар (+1382,4%) ба хориҷа фурӯхта шудааст.

Кишоварзӣ

Маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ҳарчанд дар ҳаҷми умумии содирот ҳиссаи назаррасе надорад (ҳудуди 6%), аммо додаҳои расмӣ ривоят аз як дурнамои ҷолибе барои ин соҳа мекунанд.
Агар дар чанд соли гузашта Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи 4 миллион доллар тавлидоти кишоварзиашро ба хориҷ мефурӯхт, ин рақам сол ба сол афзудааст.
Тибқи иттилоъи Хадамоти гумрук, Тоҷикистон аз 1 январ ба 30 июни соли равон дар кул 115, 1 ҳазор тон маводи кишоварзӣ содир намудааст, ки маблағи 27,7 миллион доллар, ё 8% бештар аз ҳамин давраи соли 2021 – ро ташкил мекунад.
Аз ин арқом сабзавот 75,6 ҳазор тон (-11,3%) ба маблағи 7,6 миллион доллар (+56%), меваҷот 15,2 ҳазор тон (+99,1%) ба маблағи 5, 3 миллион доллар (+159%), меваи хушк 18,8 ҳазор тон (+58%) ба маблағи 11, 5 миллион доллар (+142,7%) ва бақия 3,3 миллион долларро лубиёгиҳо, полезӣ, моли зинда, маҳсулоти ширӣ ва тухм, дарахтҳо, гулҳо, тухмиҳои сабзавоту мева, меваҳову тухмиҳои равғандор, растаниҳои доруӣ, дар умум 68 номгӯ маводи кишоварзӣ ташкил мекунад.
Даҳгонаи маҳсулоти содиротии кишварзӣ аз рӯи маблағ аз ин қарор аст:
1.
Зардолуқоқ - 7,7 ҳазор тон (15% зиёд (+)) = 6,7 миллион доллар (+112%); 2)
2.
Пиёз - 65,8 ҳазор тон (21,5% кам (-)) = 6,6 миллион доллар (+39%);
3.
Меваи хушки омехта - 6,7 ҳазор тон (+59%) = 3 миллион доллар (+122%);
4.
Ангур - 4 ҳазор тон (+490,6%) = 1,4 миллион доллар (+1050%); 5);
5.
Тухми мурғи хонагӣ - 1,1 миллион адад (+8637%) = 1,2 миллион доллар (+2781%);
6.
Зардолу - 3,5 ҳазор тон (+65%) = 1,07 миллион доллар (159,5%); 7);
7.
Шафтолуқоқ - 2,1 ҳазор тон (+368%) = 1 миллион доллар (+592%); 8);
8.
Олу - 4,2 ҳазор тон (+67%) = 872,3 ҳазор доллар (+84%);
9.
Сабзӣ - 5,5 ҳазор тон (+7515%) = 498,8 ҳазор доллар (+8032%);
10.
Лимон – 1 миллион тон (+1056%) = 387, 5 ҳазор доллар (+900%).
Дар ним соли гузашта бодиринг, памидор, испаноқ, каду, қулфинай, анҷир, лубиё, бархе ҳайвоноти зинда ва мурғҳои хонагӣ бори аввал ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёфтаанд.
Содироти иддае ҳам, аз қабили сабзии хушк, пиёзи хушк, боинҷон, тамашк, марминҷон, тут ва занбӯри асал қатъ гардидааст.
Қаламфури ширин аз ҳама кам дар ҳаҷми 52 кило ба маблағи 400 доллар ва испаноқ 297 кило ба маблағи 300 доллар содир содир шудаанд.

Моли Тоҷикистонро кӣ мехарад

Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, тайи ним соли гузашта гардиши тиҷорати хориҷии кишвар 351,3 миллиард доллар (+14) – ро ташкил додааст, ки аз ин 1 миллиарду 215,2 миллион доллар ба содирот рост меояд.
Тирози воридоту содирот 65 ба 35% аст.
Даҳгонаи кишварҳои воридкунандаи моли Тоҷикистон аз рӯи маблағ аз ин қарор аст:
Шветсария – 278,3 миллион доллар (-60%) = 22,9%;
Қазоқистон – 245,1 миллион доллар (+51%) = 20,2;
Чин – 222,3 миллион доллар (+370%) = 18,3%;
Туркия – 113, 3 миллион доллар (-2,9%) = 9,3%;
Ӯзбекистон – 96,9 миллион доллар (+91,8%) = 8%;
Эрон – 61 миллион доллар (+1083%) =5%;
Белгия – 55,7 миллион доллар (+51%) = 4,6%;
Афғонистон – 51,2 миллион доллар (+37%) = 4,2%;
Русия – 43,8 миллион доллар (+60%) = 3,6%;
Италия – 7,9 миллион доллар (+34%) = 0,7%.
Дар умум, 96,8% - и содироти Тоҷикистон ба ин даҳгона рост меояд. Бақия 3,2% содирот миёни кишварҳои Латвия, Ҷазираҳои Виргин, Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Гурҷистон, Белорус, Нидерландия, Хорватия ва Литва тақсим мешавад.
Камтарин содирот ба Қирғизистон шудааст, ки 260,9 ҳазор доллар (-93,9%) - ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0