“Сомон эйр” минбаъд ба Урумчӣ, Ҷидда ва Теҳрон парвоз мекунад

© Пресс-служба авиакомпания "Сомон Эйр"Авиакомпания "Сомон Эйр" получила первый из двух самолётов Боинг 737-800
Авиакомпания Сомон Эйр получила первый из двух самолётов Боинг 737-800 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Обуна шудан
Ҳавопаймои нави ширкати “Сомон эйр”, ки ба номи Мирзо Турсунзода гузошта шудааст, ба самти Урумчӣ, Ҷидда ва Теҳрон парвоз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” тасмим гирифтааст, ки то интиҳои сол ба самти Урумчии Чин, Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ва Теҳрони Эрон парвозҳоро ба роҳ монад, иттилоъ додааст Абдулқосим Валиев, иҷрокунандаи вазифаи Мудири кулли ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр”.
Вай ин нуктаро дар маросими муаррифии ҳавопаймои тамғаи “Боинг 737-800”, ки чанде пеш аз ширкати “Aviation Capital Groop” вориди парки ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” гардид, зикр намуд.
Ёдовар мешавем, ки Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” 30 августи соли 2022 як адад ҳавопаймои “Боинг 737-800”-ро вориди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намуда, теъдоди ҳавопаймоҳои худро зиёд намуд.
Абдулқосим Валиев ҳамзамон зикр намудааст, ки ҳавопаймои нав ба тавсеаи шабакаи парвозҳо, зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо мусоидат менамояд.
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Масири нав барои “Сомон эйр”: ҷадвали парвозҳо Душанбе - Мюнхен - Душанбе тасдиқ шуд
Ҳавопаймои “Боинг 737-800” нав ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шудааст.
Ширкати ҳавопаймоӣ хабар додааст, ки қарор аст дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз як ҳавопаймои “Боинг 737-800” шомили парки ҳавопаймоии ширкат шавад.
Ҳарду ҳавопаймо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз ширкатҳои бузургтарини лизингӣ "Aviation Capital Groop" гирифта шудаанд.
Бо дастрас гардидани ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад - ду ҳавопаймои “Боинг 737-900” ва чор ҳавопаймои “Боинг 737-800”.
Лентаи хабарҳо
0