https://sputnik.tj/20220908/rahmon-dastovard-istiqloli-tojikiston-jangi-sard-1051237979.html
Раҳмон аз се дастоварди замони истиқлоли Тоҷикистон гуфту аз оғози "ҷанги сард" хабар дод
Раҳмон аз се дастоварди замони истиқлоли Тоҷикистон гуфту аз оғози "ҷанги сард" хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон аз мушкилоти иқтисодиву амниятӣ баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра ҳушдор дода тоҷикистониёнро ба муттаҳидӣ хонд
2022-09-08T09:42+0500
2022-09-08T09:42+0500
2022-09-08T11:28+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рӯзи истиқлолият
паёми раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051106306_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_99df069bba81fc2ccd7be6cc68b50031.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Тоҷикистон 31-умин солргарди истиқлолашро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро табрик намуда, ба онҳо хушбахтӣ, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии ҷовидонаву пешрафтро таманно кардааст.Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои ин даврон ёдовар шуда гуфтааст, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардид, хабар медиҳад, дафтари матбуотии раисҷумҳур.Ӯ мегӯяд, истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва ҳамчунин раисҷумҳур ба се дастоварди муҳимтарини ин замон ишора кардааст.Мавсуф дар идома мардумро махсусан дар шароити кунунӣ, шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи "ҷанги сард", мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳушдор дод.Ба таъкиди раисҷумҳур, ин моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.Президент дар поён гуфтааст, ки дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем ва онро ҳифз намояд.
https://sputnik.tj/20220825/tojikiston-ruz-istiqloliyat-jashn-1050933814.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051106306_258:0:2989:2048_1920x0_80_0_0_c31c7f4027bfa519435f4fd6f756c356.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон дастовард истиқлол тоҷикистон ҷанг сард
раҳмон дастовард истиқлол тоҷикистон ҷанг сард
Раҳмон аз се дастоварди замони истиқлоли Тоҷикистон гуфту аз оғози "ҷанги сард" хабар дод
09:42 08.09.2022 (Навсозишуда: 11:28 08.09.2022) Президенти Тоҷикистон аз мушкилоти иқтисодию амниятӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра ҳушдор дода, тоҷикистониёнро ба муттаҳидӣ хонд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Тоҷикистон 31-умин солргарди истиқлолашро таҷлил мекунад.
Ба ин муносибат раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро табрик намуда, ба онҳо хушбахтӣ, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии ҷовидонаву пешрафтро таманно кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои ин даврон ёдовар шуда гуфтааст, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардид, хабар медиҳад, дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Ӯ мегӯяд, истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва ҳамчунин раисҷумҳур ба се дастоварди муҳимтарини ин замон ишора кардааст.
"Аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра мебошад", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Мавсуф дар идома мардумро махсусан дар шароити кунунӣ, шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи "ҷанги сард", мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳушдор дод.
Ба таъкиди раисҷумҳур, ин моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.
Президент дар поён гуфтааст, ки дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем ва онро ҳифз намояд.