https://sputnik.tj/20220908/muovini-sarvazir-didori-oqil-oqilov-raft-1051248720.html
Муовини сарвазир ба дидори Оқил Оқилов рафт
Муовини сарвазир ба дидори Оқил Оқилов рафт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомодорони кишвар сарвазири пешини Тоҷикистонро хабар гирифтанд ва табрикоти раисҷумур ба муносибати истиқлоли кишварро ба ӯ расонданд
2022-09-08T14:55+0500
2022-09-08T14:55+0500
2022-09-08T20:41+0500
дар тоҷикистон
сарвазир
аёдати собиқадор
суғд
раҷаббой аҳмадзода
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/08/1051248563_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_ab1c31ae6a8e912bf06d15d282971f6b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон собиқадорони меҳнатро аёдат карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина омада, аз номи президенти Тоҷикистон 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфтанд.Таъкид карда шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон неъмати бебаҳо мебошад.Қайд карда шудааст, ки собиқадорони меҳнат истиқлолу озодиро неъмати бузург арзёбӣ карданд.Оқил Оқилов кист?Оқил Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шуъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилоят фаъолият дошт.Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.Хизматҳои Оқил Оқилов бо якчанд мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардида, мавсуф айни замон дар нафақа аст.
https://sputnik.tj/20170824/1023151537.html
https://sputnik.tj/20220406/ahmadzoda-sobiqador-mehnat-ayodat-1047415839.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/08/1051248563_46:0:1183:853_1920x0_80_0_0_d6a967cda2a0de2c3d7cddffe4995ae6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, оқил оқилов, дидор, сарвазир, мақомдорон, табрикот
тоҷикистон, оқил оқилов, дидор, сарвазир, мақомдорон, табрикот
Муовини сарвазир ба дидори Оқил Оқилов рафт
14:55 08.09.2022 (Навсозишуда: 20:41 08.09.2022) Мақомодорони кишвар сарвазири пешини Тоҷикистонро хабар гирифтанд ва табрикоти раисҷумур ба муносибати истиқлоли кишварро ба ӯ расонданд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон собиқадорони меҳнатро аёдат карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина омада, аз номи президенти Тоҷикистон 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфтанд.
Таъкид карда шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон неъмати бебаҳо мебошад.
Қайд карда шудааст, ки собиқадорони меҳнат истиқлолу озодиро неъмати бузург арзёбӣ карданд.
Оқил Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.
Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шуъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.
Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилоят фаъолият дошт.
Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Хизматҳои Оқил Оқилов бо якчанд мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардида, мавсуф айни замон дар нафақа аст.