Туҳфаҳои Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов ва дар меҳмонии Фарзона

© Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти СуғдШодихон Ҷамшед ва Абдураҳмон Қодирӣ дар меҳмонии Фарзона
Шодихон Ҷамшед ва Абдураҳмон Қодирӣ дар меҳмонии Фарзона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, ки дар чорчӯби барномаҳои Ҳафтаи фарҳангии ВМКБ ба вилояти Суғд рафтааст, имрӯз бо нахуствазири пешини Тоҷикистон Оқил Оқилов дидор кард ва сипас меҳмони Фарзона шуд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд, Шодихон Ҷамшед ва дигар масъулини ВМКБ бо Оқил Оқилов дар хонааш дидор карданд.

Раиси ВМКБ, ки дар чорчӯби барномаҳои Ҳафтаи фарҳангии Бадахшон дар Суғд ба Хуҷанд сафар кардааст, дар ин дидор аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдоварӣ кард ва аз ҷумла гуфт, ки вай солҳо дар мақоми нахуствазири Тоҷикистон донишу малакаи хешро барои пешрафти иқтисоди кишвар равона кардааст.

Шодихон Ҷамшед ба нишони эҳтироми мардуми Бадахшон ба Оқил Оқилов ҳадяҳои ёдмон тақдим кард.

Ҳайъати меҳмонон ҳамчунин ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона рафтанд. Дар баробари зикри хидматҳои бузурги номбурда дар ҷодаи рушди шеъру адабиёт, ҳамзамон гуфта шуд, ки Фарзона аз ҷумлаи шоирони муосири соҳибдевон аст, ки на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷа низ шуҳрати афзун дорад.

Лентаи хабарҳо
0