https://sputnik.tj/20220902/poytakhti-qazoqiston-ostona-meshavad-1051131762.html
Пойтахти Қазоқистон боз Остона мешавад?
Пойтахти Қазоқистон боз Остона мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи вакилони парлумони Қазоқистон ахиран пешниҳод карданд, ки пойтахти кишвар шаҳри Нур-Султон боз дубора Остона ном гирад
2022-09-02T22:00+0500
2022-09-02T22:00+0500
2022-09-05T19:22+0500
қазоқистон
осиёи марказӣ
нурсултон назарбоев
остона
иваз
тағйири ном
вакилон
пешниҳод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102754/67/1027546797_0:0:3083:1734_1920x0_80_0_0_1236fcdf1f451b010a64188d1bfc728e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Гурӯҳе аз вакилони ҳизби "Жана Қазоқистон" (Қазоқистони нав) пешниҳод кардааст, ки бояд номи "Остона" ба пойтахти кишвар дубора баргардонида шавад, изҳор кардаанд вакилон парлумон.“Мо онро нодуруст медонем, ки шаҳрро дар замони зинда будани шахс ба номи ӯ гузоранд. Инчунин мардум номи нави пойтахтро қабул надоранд. Аз ин рӯ, баргардонидани номи пешини пойтахт – Остона, таърихан аз рӯи адолат мебошад, ки қаблан дар ин бора президенти аввал гуфта буд”, гуфта шудааст дар изҳорот.Ба гуфтаи вакилон, ин тасмим "саҳми раисиҷумҳури нахустин дар ташаккул ва рушди шаҳри асосии кишвар ба инобат гирифта шуда, ба ниёз ва интизориҳои шаҳрвандон низ ҷавобгӯ хоҳад буд".Номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард, аз Остона ба Нур-Султон номгузорӣ шуд.Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси сенати (палатаи болоии) парлумони кишвар буд, раҳбари давлат шуд. Тоқаев баъд аз ба сари қудрат расиданаш пешниҳод кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Остона ба шарафи президенти нахустини Қазоқистон ба номи Нур-Султон иваз карда шавад.Худи ҳамон руз парлумон тагйироту иловахои дахлдорро ба конституция кабул кард. Худи Назарбоев борҳо изҳор дошт, ки мухолифи ҳар гуна иваз кардани номи пойтахт аст.
https://sputnik.tj/20220901/toqaev-intikhobot-zudhangom-prezidenti-qazoqiston-1051091739.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102754/67/1027546797_214:0:2945:2048_1920x0_80_0_0_da98cd14289863ef06bd8e2272e4b937.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, нур-султон, остона, иваз, ном, вакилон, пешниҳод
қазоқистон, нур-султон, остона, иваз, ном, вакилон, пешниҳод
Пойтахти Қазоқистон боз Остона мешавад?
22:00 02.09.2022 (Навсозишуда: 19:22 05.09.2022) Гурӯҳи вакилони парлумони Қазоқистон ахиран пешниҳод карданд, ки пойтахти ин кишвар, шаҳри Нурсултон боз дубора Остона ном гирад
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Гурӯҳе аз вакилони ҳизби "Жана Қазоқистон" (Қазоқистони нав) пешниҳод кардааст, ки бояд номи "Остона" ба пойтахти кишвар дубора баргардонида шавад, изҳор кардаанд вакилон парлумон.
“Мо онро нодуруст медонем, ки шаҳрро дар замони зинда будани шахс ба номи ӯ гузоранд. Инчунин мардум номи нави пойтахтро қабул надоранд. Аз ин рӯ, баргардонидани номи пешини пойтахт – Остона, таърихан аз рӯи адолат мебошад, ки қаблан дар ин бора президенти аввал гуфта буд”, гуфта шудааст дар изҳорот.
Ба гуфтаи вакилон, ин тасмим "саҳми раисиҷумҳури нахустин дар ташаккул ва рушди шаҳри асосии кишвар ба инобат гирифта шуда, ба ниёз ва интизориҳои шаҳрвандон низ ҷавобгӯ хоҳад буд".
Номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард, аз Остона ба Нур-Султон номгузорӣ шуд.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси сенати (палатаи болоии) парлумони кишвар буд, раҳбари давлат шуд. Тоқаев баъд аз ба сари қудрат расиданаш пешниҳод кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Остона ба шарафи президенти нахустини Қазоқистон ба номи Нур-Султон иваз карда шавад.
Худи ҳамон руз парлумон тагйироту иловахои дахлдорро ба конституция кабул кард. Худи Назарбоев борҳо изҳор дошт, ки мухолифи ҳар гуна иваз кардани номи пойтахт аст.