Боздошти қаллоби гузаро: беш аз 1,2 миллион сомонии шаҳрвандонро фиреб доду гирифт

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
Обуна шудан
Боздоштшуда қаблан низ дар қаллобӣ муттаҳам шуда, дар се ҳолати нав бошад, беш аз 1,2 миллиони шаҳрвандонро бо роҳҳои гуногун гирифта, надодааст
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Як сокини шаҳри Ҳисор дар силсилақаллобиҳо гумонбар дониста мешавад.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 60-солаи сокини шаҳри Душабе муроҷиат намуда, алайҳи ӯ шикоят кардааст.
Ин мард гуфтааст, ки муттаҳам, марди 50-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки 1-адад трактори мехлапата гирифта медиҳад.
Аммо аз он замон то ҳол на маблағашро баргардонидаву на трактор харидааст.
Ключи от квартиры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Пинҳонӣ аз соҳибон хонаҳои иҷораро мефурӯхтанд: боздошти ду ҷавонзан дар Душанбе
Муттаҳам ҳамин тариқ, моҳи октябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Дулан”-ро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 45 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 105 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Мавсуф ҳамзамон наздик ба як миллион сомонии як зани дигарро гирифта надодааст.
"Муттаҳам бо ҳамин роҳ моҳи октябри соли 2021, ба боварии зани 56-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 361 ҳазору 200 сомонӣ ва ба маблағи 600 ҳазору 468 сомонӣ арматур гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаст", -
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин ягона ҳолати қаллобӣ набуда, ВКД ҳамарӯза аз боздошт шудани қалобон хабар медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0