https://sputnik.tj/20220825/khona-ijora-mefurukhtand-bozdosht-javonzan-dushanbe-1050935666.html
Пинҳонӣ аз соҳибон хонаҳои иҷораро мефурӯхтанд: боздошти ду ҷавонзан дар Душанбе
Пинҳонӣ аз соҳибон хонаҳои иҷораро мефурӯхтанд: боздошти ду ҷавонзан дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду ҳолати қаллобиро ифшо кардааст, ки дар ҳар ду маврид ҳам ба сокинони Душанбе зарари бузурги молӣ расидааст
2022-08-25T15:53+0500
2022-08-25T15:53+0500
2022-08-25T17:28+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
қаллобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905967_0:234:1921:1314_1920x0_80_0_0_37f98ea9c2dfc02bf0d017e2c6165137.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Душанбе як марди солхӯрдаву ду зани ҷавоне дастгир шуданд, ки хонаҳоро нахуст иҷора гирифтаву пас аз он мефурӯхтаанд.Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, боздоштшудаҳо, марди 72-сола ва занҳои 32 ва 28-солаи буда, нахуст сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахтро ба домашон афтонидаанд.Сокини 35-солаи пойтахт зимни шикоят ба мақомот гуфтааст, ки ин афрод манзилаш воқеъ дар кӯчаи Зарафшонро ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ намуда, ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда фурӯхтаанд.Ин ниҳод мегӯяд, ҳамзамон ба ШВКД бо ариза марди 28-солаи сокини дигари пойтахт низ бо чунин мушкил муроҷиат намуд.Ӯ гуфтааст, ки “Муҳаё” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанберо ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, хонаро ба дигар нафар ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ фурӯхтааст.ВУД мегӯяд, дастгиршудаҳо дар содир намудани ҷиноятӣ қаллобӣ меттаҳам шуда, оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.Феълан назари дастгиршудаҳо ва ҷониби ҳимояашон равшан нест.
https://sputnik.tj/20220806/tahqiqi-holati-qallobi-pulis-1050533985.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905967_0:1:1921:1441_1920x0_80_0_0_441be62da39fbd37ea5f48ec42bb138e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
соҳибон хона иҷора мефурӯхт боздошти ҷавонзан душанбе
соҳибон хона иҷора мефурӯхт боздошти ҷавонзан душанбе
Пинҳонӣ аз соҳибон хонаҳои иҷораро мефурӯхтанд: боздошти ду ҷавонзан дар Душанбе
15:53 25.08.2022 (Навсозишуда: 17:28 25.08.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду ҳолати қаллобиро ифшо кардааст, ки дар ҳар ду маврид ҳам ба сокинони Душанбе зарари бузурги молӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Душанбе як марди солхӯрдаву ду зани ҷавоне дастгир шуданд, ки хонаҳоро нахуст иҷора гирифтаву пас аз он мефурӯхтаанд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, боздоштшудаҳо, марди 72-сола ва занҳои 32 ва 28-солаи буда, нахуст сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахтро ба домашон афтонидаанд.
Сокини 35-солаи пойтахт зимни шикоят ба мақомот гуфтааст, ки ин афрод манзилаш воқеъ дар кӯчаи Зарафшонро ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ намуда, ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда фурӯхтаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамзамон ба ШВКД бо ариза марди 28-солаи сокини дигари пойтахт низ бо чунин мушкил муроҷиат намуд.
Ӯ гуфтааст, ки “Муҳаё” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанберо ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, хонаро ба дигар нафар ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ фурӯхтааст.
ВУД мегӯяд, дастгиршудаҳо дар содир намудани ҷиноятӣ қаллобӣ меттаҳам шуда, оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.
Феълан назари дастгиршудаҳо ва ҷониби ҳимояашон равшан нест.