https://sputnik.tj/20220906/tarkish-moshin-dushanbe-chanoq-1051190139.html
Таркиш ва роҳбандӣ дар масири Душанбе - Чаноқ: шарҳи IRS
Таркиш ва роҳбандӣ дар масири Душанбе - Чаноқ: шарҳи IRS
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ бар асари аз кор баромадани дастгоҳи тормози мошини ҳомили газ ба вуқуъ пайвастааст
2022-09-06T10:44+0500
2022-09-06T10:44+0500
2022-09-06T13:35+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
таркиш
ҳодиса
баста
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102608/74/1026087486_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_8c2468e2a164bdeca114887e113ec5b8.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сент — Sputnik. Дар километри 46-уми роҳи Душанбе - Чаноқ таркиши нақлиёти боркаш ба вуҷуд омадааст, хабар дод ширкати роҳбони IRS. Ба иттилои манбаъ, воситаи нақлиёте, ки таркид боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда мебошад. Таъкид шудааст, таркиш бар асари садама, бинобар аз кор баромадани тормоз рух додааст. "Дар километри 46- уми роҳи Душанбе - Чаноқ нақлиёти боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда, бинобар аз кор баромадани тормоз бо садама дучор шуд. Дар натиҷа, таркиш ба амал омад", - таъкид шудааст дар иттилоия. Ширкати IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар масири Душанбе - Чаноқ мебошад, эълон кардааст, ки феълан ҳаракат дар ин самт масдуд шудааст. Манбаъ афзуд, ки тафсилоти бештар ва иттилоъ дар мавриди азсаргирии ҳаракат ба зудӣ нашр хоҳад шуд. Дар мавриди осебдидагон дар ин садамаю таркиш феълан иттилое ироа нашудаст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳанӯз расман ин қазияро шарҳ надодаст.
https://sputnik.tj/20220810/barkhurd-moshin-sadama-margbor-dushanbe-khujand-1050636294.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102608/74/1026087486_0:0:751:563_1920x0_80_0_0_02518c2ae6567836e4d500c1f13e101f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш, мошин, роҳ, душанбе, чаноқ,
таркиш, мошин, роҳ, душанбе, чаноқ,
Таркиш ва роҳбандӣ дар масири Душанбе - Чаноқ: шарҳи IRS
10:44 06.09.2022 (Навсозишуда: 13:35 06.09.2022) Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ бар асари аз кор баромадани дастгоҳи тормози мошини ҳомили газ ба вуқуъ пайвастааст
ДУШАНБЕ, 6 сент — Sputnik. Дар километри 46-уми роҳи Душанбе - Чаноқ таркиши нақлиёти боркаш ба вуҷуд омадааст, хабар дод ширкати роҳбони IRS.
Ба иттилои манбаъ, воситаи нақлиёте, ки таркид боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда мебошад.
Таъкид шудааст, таркиш бар асари садама, бинобар аз кор баромадани тормоз рух додааст.
"Дар километри 46- уми роҳи Душанбе - Чаноқ нақлиёти боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда, бинобар аз кор баромадани тормоз бо садама дучор шуд. Дар натиҷа, таркиш ба амал омад", - таъкид шудааст дар иттилоия.
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар масири Душанбе - Чаноқ мебошад, эълон кардааст, ки феълан ҳаракат дар ин самт масдуд шудааст.
Манбаъ афзуд, ки тафсилоти бештар ва иттилоъ дар мавриди азсаргирии ҳаракат ба зудӣ нашр хоҳад шуд.
Дар мавриди осебдидагон дар ин садамаю таркиш феълан иттилое ироа нашудаст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳанӯз расман ин қазияро шарҳ надодаст.