https://sputnik.tj/20220810/barkhurd-moshin-sadama-margbor-dushanbe-khujand-1050636294.html
Бархурди се мошин: Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Бархурди се мошин: Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохила аз садамаи мудҳише дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” хабар дод, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат ва чанд нафари дигар осеб дидаанд
2022-08-10T22:00+0500
2022-08-10T22:00+0500
2022-08-11T14:01+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
роҳ
ҳалокат
ронанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045017672_0:145:3073:1873_1920x0_80_0_0_960aa990c3a2ed123aec3b68dc7a5829.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ахиран дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар километри 300-ум садамаи маргборе рух додааст, хабар медиҳад, дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.Навори ин ҳодисаи мудҳиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи худрави “Тойота Прадо”, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба худрави “Мерседес-Бенс”-и сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, боз ба худрави “Тойота Раф-4”, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.Манбаъ зикр кардааст, ки ронандаи автомашинаи ронандаи худрави “Тойота Прадо” ва мусофираш ноболиғ, Ҳасанзода Манижа, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Кормандони милитсияи Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045017672_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1fc3a897012bd47aad2b7b1d78a4362a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, маргбор, роҳ, душанбе-хуҷанд-чаноқ, ҳалокат
тоҷикистон, садама, маргбор, роҳ, душанбе-хуҷанд-чаноқ, ҳалокат
Бархурди се мошин: Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
22:00 10.08.2022 (Навсозишуда: 14:01 11.08.2022) Вазорати корҳои дохила аз садамаи мудҳише дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” хабар дод, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат ва чанд нафари дигар осеб дидаанд
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ахиран дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар километри 300-ум садамаи маргборе рух додааст, хабар медиҳад, дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Навори ин ҳодисаи мудҳиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи худрави “Тойота Прадо”, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба худрави “Мерседес-Бенс”-и сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, боз ба худрави “Тойота Раф-4”, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота Прадо”, Ҳабибуллоева Бунафша, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ додааст ВКД Тоҷикистон.
Манбаъ зикр кардааст, ки ронандаи автомашинаи ронандаи худрави “Тойота Прадо” ва мусофираш ноболиғ, Ҳасанзода Манижа, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Кормандони милитсияи Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.