https://sputnik.tj/20220903/vurud-samarqand-sentyabr-mahdud-1051144472.html
Вуруд ба Самарқанд аз 14 то 17 сентябр маҳдуд хоҳад шуд: сабаб
Вуруд ба Самарқанд аз 14 то 17 сентябр маҳдуд хоҳад шуд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Аз онҳе, ки қасди сафар ба Самарқанд доштанд, даъват мешавад, ки сафарашонро ба вақти дигар гузоранд, зеро дар ин шаҳр чорабинии муҳими сиёсӣ доир мешавад
2022-09-03T21:30+0500
2022-09-03T21:30+0500
2022-09-05T18:54+0500
ӯзбекистон
самарқанд
сҳш
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103096/18/1030961852_0:154:3093:1893_1920x0_80_0_0_b151b07eace61933ae0306896e0da353.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Воридшавӣ ба Самарқанд, ки дар он ҷой нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад, рӯзҳои 14-17 сентябр маҳдуд мешавад. Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Самарқанд хабар додаанд.Рӯзҳои 15-16 сентябр Самарқанд мизбони нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ хоҳад шуд."Моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Аз онҳое, ки рӯзҳои 14, 15, 16 ва 17 сентябр ба Самарқанд омаданиянд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки сафари худро ба давраи дигар гузаронанд. Зеро дар ин рӯзҳо вуруд ба шаҳри Самарқанд маҳдуд хоҳад шуд”, - гуфта мешавад дар иттилоия. Ба гуфтаи мақомот, дар робита ба баргузории ҳамоиш аз 14 то 17 сентябр роҳҳои даромадгоҳ ба Самарқанд ва ҳамчунин қисме аз роҳҳои дохили шаҳр барои ҳаракати нақлиёт баста мешаванд. "Ба сифати истисно, ҳаракат дар кӯчаҳое, ки ҳаракати нақлиёт маҳдуд аст, барои шахсони ниёзманд ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва кормандони хадамоти таъҷилӣ иҷозат дода мешавад", - афзуд хадамоти иттилоотӣ. СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд. Дар нишасти сарони СҲШ дар Душанбе дар моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд. Соли ҷорӣ Беларус расман барои пайвастан ба СҲШ ба унвони узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод кард.
https://sputnik.tj/20220825/vuzaroi-difoi-uzbekiston-nizom-jahon-1050945139.html
ӯзбекистон
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103096/18/1030961852_180:0:2911:2048_1920x0_80_0_0_7c97e7fa578b99044619e9321ab71f73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуруд самарқанд маҳдуд сабаб
вуруд самарқанд маҳдуд сабаб
Вуруд ба Самарқанд аз 14 то 17 сентябр маҳдуд хоҳад шуд: сабаб
21:30 03.09.2022 (Навсозишуда: 18:54 05.09.2022) Аз онҳе, ки қасди сафар ба Самарқандро доштанд, даъват мешавад, ки сафарашонро ба вақти дигар гузоранд, зеро дар ин шаҳр чорабинии муҳими сиёсӣ барпо мешавад
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Воридшавӣ ба Самарқанд, ки дар он ҷой нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад, рӯзҳои 14-17 сентябр маҳдуд мешавад.
Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Самарқанд хабар додаанд.
Рӯзҳои 15-16 сентябр Самарқанд мизбони нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ хоҳад шуд.
"Моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Аз онҳое, ки рӯзҳои 14, 15, 16 ва 17 сентябр ба Самарқанд омаданиянд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки сафари худро ба давраи дигар гузаронанд. Зеро дар ин рӯзҳо вуруд ба шаҳри Самарқанд маҳдуд хоҳад шуд”, - гуфта мешавад дар иттилоия.
Ба гуфтаи мақомот, дар робита ба баргузории ҳамоиш аз 14 то 17 сентябр роҳҳои даромадгоҳ ба Самарқанд ва ҳамчунин қисме аз роҳҳои дохили шаҳр барои ҳаракати нақлиёт баста мешаванд.
"Ба сифати истисно, ҳаракат дар кӯчаҳое, ки ҳаракати нақлиёт маҳдуд аст, барои шахсони ниёзманд ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва кормандони хадамоти таъҷилӣ иҷозат дода мешавад", - афзуд хадамоти иттилоотӣ.
СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.
Дар нишасти сарони СҲШ дар Душанбе дар моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.
Соли ҷорӣ Беларус расман барои пайвастан ба СҲШ ба унвони узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод кард.