https://sputnik.tj/20220906/erdughon-naqsha-turkiya-osiyoi-markazi-1051190796.html
Эрдуғон аз нақшаҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ гуфт
Эрдуғон аз нақшаҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиҷумҳури Туркия иштироки ҳайати кишварашро дар мулоқоти сарони кишварҳоии узв ва нозирону шарикони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тасдиқ кард
2022-09-06T22:00+0500
2022-09-06T22:00+0500
2022-09-06T22:00+0500
дар ҷаҳон
раҷаб тайиб эрдуғон
самарқанд
осиёи марказӣ
самарқанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721057_0:2:2999:1688_1920x0_80_0_0_c96e4e76ed18e2bfa12b977b94aa02a5.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳадафи иштирокаш дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро тавзеҳ дод. Ӯ зимни ҷаласаи кабинаи вазирони кишвараш зикр намудаст, ки ба мулоқоти қарибулвуқӯи кишварҳои узв дар Ӯзбекистон меравад, хабар додаст РИА "Новости" бо такя ба ожонси туркии "Anadolu".Вай аз таҳкими мавқеи Туркия дар бахшҳои гуногун дар минтақа зикр намуда, таъкид намудааст, ки ҳар имконро бояд истифода бурд. Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар ин нишаст сарони кишварҳои узви ин созмон тасмим гирифтаанд, ки 28 санадро қабул кунанд.СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220906/barnoma-putin-prezident-samarqand-1051200096.html
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721057_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d25177ee644b0756f6a2b4e12d159617.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, туркия, осиёи марказӣ, эълон, нақша
президент, туркия, осиёи марказӣ, эълон, нақша
Эрдуғон аз нақшаҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ гуфт
Раиҷумҳури Туркия иштироки ҳайати кишварашро дар мулоқоти сарони кишварҳоии узв ва нозирону шарикони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳадафи иштирокаш дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро тавзеҳ дод.
Ӯ зимни ҷаласаи кабинаи вазирони кишвараш зикр намудаст, ки ба мулоқоти қарибулвуқӯи кишварҳои узв дар Ӯзбекистон меравад, хабар додаст РИА "Новости" бо такя ба ожонси туркии "Anadolu".
"Дар ин мулоқот ҳайати кишвар ба ҷустуҷӯи роҳҳои рушди ҳуқуқу манфиатҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ машғул хоҳад шуд", - таъкид намудаст Эрдуғон.
Вай аз таҳкими мавқеи Туркия дар бахшҳои гуногун дар минтақа зикр намуда, таъкид намудааст, ки ҳар имконро бояд истифода бурд.
Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар ин нишаст сарони кишварҳои узви ин созмон тасмим гирифтаанд, ки 28 санадро қабул кунанд.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.