Барномаи кории Путин дар ҳамоиши президентҳо дар Самарқанд маълум шуд

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в шестом Каспийском саммите
Президент РФ В. Путин принял участие в шестом Каспийском саммите - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқотҳои дуҷониба хоҳад дошт. Эҳтимол бо ҳамтои тоҷикаш низ дидор кунад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ширкат мекунад. Дар ин бора котиби матбуотии Кремл Дмитрий Песков хабар дод.
"Мо интизори як чорабинии хеле муҳим ва бо ҳузури намояндаҳои зиёдем, ки дар чунин шакл бемисл мебошад", - гуфт ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон.
Ба гуфтаи Песков, дар доираи иштироки Путин дар нишасти сарони СҲШ як қатор “тамосҳои хеле муҳими байналмилалӣ” анҷом хоҳанд ёфт.
Намояндаи раҳбари Русия афзуд, омодагӣ ба ин чорабинӣ идома дорад ва ҷузъиёти он баъдан маълум хоҳад шуд.
Мумкин аст, ки дар ҷараёни ин ҳамоиш сарвари давлат бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ кунад.
Встреча президента РФ В. Путина с президентом Ирана Э. Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Эрон узви СҲШ мешавад: таъйиди сафари Раисӣ ба Самарқанд
Қаблан Путин бо ин ду раҳбари Осиёи Марказӣ суҳбати телефонӣ дошта, омодагиҳо ба ин чорабинии дарпешистодаро баррасӣ карда буд.
Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар ин нишаст сарони кишварҳои узви ин созмон тасмим гирифтаанд, ки 28 санадро қабул кунанд.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0