https://sputnik.tj/20220831/sodiroti-afghoniston-ba-besh-az-yak-milliard-dollar-rasid-1051071544.html
Содироти Афғонистон ба беш аз як миллиард доллар расид
Содироти Афғонистон ба беш аз як миллиард доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати мауваққати толибон эълон кардааст, ки содироти коло аз Афғонистон ба кишварҳои хориҷ дар соли ахир бамаротиб афзоиш ёфтааст
2022-08-31T17:05+0500
2022-08-31T17:05+0500
2022-09-01T12:59+0500
содирот
иқтисод
маҳсулот
толибон
хориҷ
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102828/84/1028288443_0:102:3139:1868_1920x0_80_0_0_476679f5ab4e3d97173a0ec5cf79ac92.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Афғонистон дар яксоли гузашта 1 миллиарду 364 миллион доллар ба 10 кишвар содирот доштааст, иттилоъ додааст хабаргузори “Порс тудэй” дар истинод ба Нуриддин Азизӣ, вазири санъат ва тиҷорати ҳукумати толибон.Тибқи иттилои манбаъ, ахиран вазири санъат ва тиҷорати Толибон бо ташреҳи амалкарди ин вазоратхона дар яксоли гузашта афзуд, барои тақвияти бахши содирот, ройзаниҳои фаровоне бо масъулони Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон, Эрон ва Русия доштаем.Оқои Азизӣ, коҳиш дар маҳдӯдиятҳои интиқоли пул аз тариқи ҳаволаи арзӣ (TТ) ва тасҳил дар раванди харидории маводи аввалия, табдили Афғонистон ба чаҳорроҳи минтақа, фаъолсозии муҷаддади даҳлезҳои ҳавоӣ, фароҳам кардани тасҳилот дар судӯри визои тиҷорӣ аз кишварҳои минтақа ба тоҷирони афғон, гирифтани муҷаввизи транзити маводи нафтӣ аз масири Эрон ба Афғонистон ва баргузории чандин намоишгоҳро аз дастовардҳои муҳими ин вазоратхона хонд.Ёдовар мешавем, ки пас аз иваз шудани ҳокимият дар моҳи августи соли 2021 вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бадтар шуд. Дар кишвар бӯҳрони башардӯстона ба амал омад. Бар асари мунҷамид шудани дороиҳои хориҷӣ, кишвар қариб бепул монд ва тарки оммавии мутахассисон боиси мушкилоти ҷиддӣ дар бахши тиб гардид.Дар Афғонистон низ вазъи иқтисодӣ босуръат бад мешавад: қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Садҳо ҳазор нафар аз кор маҳрум ва фаъолияти молӣ дар ин кишвар башиддат коҳиш ёфтааст.Таҳти рохбарии толибон давлат дар вазъияти вазнин қарор дорад, қашшокӣ, терроризм ва савдои маводи мухаддир дар он авҷ гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220830/smm-faqr-afghoniston-amiqtar-tolibon-buja-oyanda-1051030370.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102828/84/1028288443_53:0:2784:2048_1920x0_80_0_0_82763485860758e204a8cce14bc52141.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, содирот, маҳсулот, миллиард, доллар, афзоиш, саноат, иқтисод
афғонистон, содирот, маҳсулот, миллиард, доллар, афзоиш, саноат, иқтисод
Содироти Афғонистон ба беш аз як миллиард доллар расид
17:05 31.08.2022 (Навсозишуда: 12:59 01.09.2022) Ҳукумати мауваққати толибон эълон кардааст, ки содироти коло аз Афғонистон ба кишварҳои хориҷ дар соли ахир бамаротиб афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Афғонистон дар яксоли гузашта 1 миллиарду 364 миллион доллар ба 10 кишвар содирот доштааст, иттилоъ додааст хабаргузори “Порс тудэй” дар истинод ба Нуриддин Азизӣ, вазири санъат ва тиҷорати ҳукумати толибон.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран вазири санъат ва тиҷорати Толибон бо ташреҳи амалкарди ин вазоратхона дар яксоли гузашта афзуд, барои тақвияти бахши содирот, ройзаниҳои фаровоне бо масъулони Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон, Эрон ва Русия доштаем.
Оқои Азизӣ, коҳиш дар маҳдӯдиятҳои интиқоли пул аз тариқи ҳаволаи арзӣ (TТ) ва тасҳил дар раванди харидории маводи аввалия, табдили Афғонистон ба чаҳорроҳи минтақа, фаъолсозии муҷаддади даҳлезҳои ҳавоӣ, фароҳам кардани тасҳилот дар судӯри визои тиҷорӣ аз кишварҳои минтақа ба тоҷирони афғон, гирифтани муҷаввизи транзити маводи нафтӣ аз масири Эрон ба Афғонистон ва баргузории чандин намоишгоҳро аз дастовардҳои муҳими ин вазоратхона хонд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз иваз шудани ҳокимият дар моҳи августи соли 2021 вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бадтар шуд. Дар кишвар бӯҳрони башардӯстона ба амал омад. Бар асари мунҷамид шудани дороиҳои хориҷӣ, кишвар қариб бепул монд ва тарки оммавии мутахассисон боиси мушкилоти ҷиддӣ дар бахши тиб гардид.
Дар Афғонистон низ вазъи иқтисодӣ босуръат бад мешавад: қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Садҳо ҳазор нафар аз кор маҳрум ва фаъолияти молӣ дар ин кишвар башиддат коҳиш ёфтааст.
Таҳти рохбарии толибон давлат дар вазъияти вазнин қарор дорад, қашшокӣ, терроризм ва савдои маводи мухаддир дар он авҷ гирифтааст.