Маҷористон "Газпром"-ро шарики боэътимод хонд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкТрубопровод Gazela для транспортировки российского газа в ЕС
Трубопровод Gazela для транспортировки российского газа в ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
Маҷористон, ки дар ҳолати фавқулодда бо Русия барои интиқоли иловагии газ вориди созиш шуда буд, эълон дошт, ки Маскав ҳамчун шарики боэътимод рафтор мекунад
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Маскав ба Будапешт интиқоли комили газ бар асоси созишномаи басташударо кафолат додааст, изҳор дошт вазири корҳои хориҷӣ ва равобити иқтисодии берунии Маҷористон Петер Сиярто.
"То кунун "Газпром" дар робита ба Маҷористон шарики боэътимод будаст. Ҳаҷми созишшуда аз тариқи ҷануб ҳамарӯза пурра таъмин шуда истодааст. Мо ҳама аз мушкилоти низоми таъминоти газ аз масири шимолӣ ва ғарбӣ медонем", - зикр намудаст вазир.
Вай таъкид кард, ки кишвараш асосан аз масири ҷануб газ дастрас мекунад ва ҳамарӯза ҳудуди 90%-и ҳаҷми созишшуда ворид гардида истодааст.
Вазир изҳори боварӣ намудаст, ки Русия Маҷористонро бидуни газ намегузорад. Ӯ гуфт, қарордодҳои имзошуда ҳам дар бахши таъминот ва ҳам транзит то ҳол мунтазам иҷро мешаванд.
Мужчина с немецким флагом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2022
Хуруҷи мавҷҳои эътирозӣ дар кишварҳои аврупоӣ дар пасманзари буҳрони газӣ
Сиярто зикр намудаст, ки дар шароити феълӣ дар бахши газ, Маҷористон амнияти энергетикии худро нисбатан беҳтар таъмин кардаст.
Маврид ба зикр аст, ки Маҷористон ва ширкати "Газпром" дар моҳи сентябри соли 2021 қарордодҳои 15-соларо дар бораи интиқоли 4,5 млрд метри мукааб газ дар як сол имзо карданд. Тавзеҳ дода шудааст, ки аз ин 3,5 млрд метри мукааб ба масир тавассути Сербистон ва миллиарди боқимонда тавассути Австрия рост меояд.
Моҳи июли соли равон ҳукумати Маҷористон дар пайи якбора баланд шудани нархи газ дар кишвар ҳолати фавқулодда эълон крад. Дар ҳамин вазъ, Сиярто ба Русия сафар карда, бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи ФР, дар бораи хариди гази изофӣ аз қарордод гуфтугӯ кард. Нимаи август "Газпром" интиқоли гази иловагиро оғоз кард.
Лентаи хабарҳо
0